Амният, сулҳу ваҳдат арзиши бузург аст

0000,

АНДЕША. Вазифаи муқаддаси ҳар як давлат нигоҳ доштани амнияти аҳли ҷомеа буда, ҳимояи сарҳад, сулҳу субот, мустақилияти иқтисодӣ, фарҳанг, гирифтани пеши роҳи бесарусомониҳо, паҳн нагардидани гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ва боз ҷабҳаҳои дигарро дар назар дорад. Хатарҳое, ки бар зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ дучор шудани он нигаронида шудааст ваҳдати миллатро халалдор мекунад. Тоҷикон бо халқи Эрон ҳамзабон, ҳамсоя мебошанд. Ҳодисаҳои рӯзҳои охир – задухӯрди намоишчиён бо ҳукумат ва оқибати он ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда мерасонад, ки мардуми сулҳпарвари Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Ҳама гуна эътирозҳо, задухӯрдҳои дохиливатанӣ сабабҳои объективӣ ва субъективӣ доранд. Яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон паҳн шудани мазҳабҳои гуногуни исломӣ, шиддат ёфтани муқовимати дохилиҳизбӣ, маҳалгароию ҳокимиятталошии пешвоёни дин мебошад. Эътирозҳои мардуми Эрон дар рӯзҳои Соли нав дар шаҳри Машҳад шурӯъ шуд аз мушкилотҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ мухолифати динӣ падид омадааст. Бегуфтугӯ, ҳама гуна эътирозҳои сиёсӣ бидуни хушунат идома намеёбанд, ки чандин шахсони бегуноҳ ҳар рӯз ҷони худро аз даст дода, қурбони ҷаҳолати сиёсӣ мегарданд. Мо олимони собиқадори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оқибатҳои ҷанги шаҳвандиро паси сар кардаем. Номаи 750 нафар устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Эронро, ки дар расонаҳои Эрон нашр шудааст ҳамфикрӣ баён мекунем. Онҳо ба Ҳукумати мамлакат муроҷиат намуда, талаб намуданд, ки бевосита дар миёни мардум ҳозир шуда барои ҳалли мушкилоти мардум шурӯъ намуда, пеши роҳи низоъҳо ва харобкориҳоро бигиранд, ба тақдири миллати хеш беғаразона муносибат намоянд. Чунки амнияти миллат, сулҳу суббот арзиши бузурганд.

Почоева М. 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>