Мусобиқаи волейбол баргузор гардид

20180601_163344

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси нақшаи чорабинии муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократаии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия дар толори варзишии ба номи «Чемпион» мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба волейбол бахшида «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар байни наврасон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 13 дастаи наврасон аз тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона ширкат варзиданд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод ва мураббиёни варзиш иштирок ва баромад намуданд. Дар охир ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои таъсисдодаи КИН ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>