256 нафар аъзои ҲХДТ гардиданд

IMG_1691

АШТ. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дарёфт ва қабули босифати аъзоён ба сафи ҳизб маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия тӯли моҳи май нисбати ин масъала таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳамин тариқ, дар давоми моҳи сипарӣ 256 нафар аъзоёни санҷидашуда сафҳои ҳизбро пурра намуданд, ки аз ин миқдор 155 нафар занон ва 113 нафар ҷавонони 13-30 сола мебошанд. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳангоми қабули аъзоён ба шахсияти номзад аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, шахсони содиқу ватандӯст ҷалб карда шуданд. Ташкилотҳои ибтидоии ИДБЗОА, деҳаи Ифтихор, деҳаи Ошоба, маркази саломатӣ, деҳаи Ориён, деҳаи Меҳробод, деҳаи Ашт дар ин ҷода фаъолнокӣ зоҳир намуданд ва имрӯзҳо супоридани шаҳодатномаи ҳизбӣ ба аъзоёни нав аз ҷониби масъулин дар фазои тантанавӣ ҷараён дорад.    Боиси зикр мебошад, ки солҳои охир Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия мавқеи баландро соҳиб гардида, таваҷҷӯҳи аҳолӣ ба ҳизби мо афзун гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>