Дунё аз нигоҳи кудакон

имкон

СПИТАМЕН. Дар Маркази омузиши «Имкон М» таҳти унвони «Дунё аз нигоҳи кудакон» чорабинии расмкашии наврасон баргузор гардид.  Директори Маркази омузишии «Имкон М» ҷавони ташаббускор ва созанда, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» Муҳаммадалӣ Болтуев, чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида падару модарон ва иштирокчиёни озмунро бо Рузи муҳофизати кудакон табрику шодбош гуфт ва қайд намуд, ки тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд,  «Кудакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рузгори ҳар як падару модар мебошанд». Маркази омузиши «Имкон М» барои фарзандони мардуми шарафманду меҳнатқарини ноҳия дари худро боз намудааст ва кушиш ба харҷ медиҳад, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба омузиши забонҳои русию англисӣ, фанҳои дақиқ, азхудкунии дастовардҳои илму техника, арзишҳои нави башариятро дар амал татбиқ намояд. М.Болтуев қайд намуд, ки мо ҷавонони имруза зодаи даврони Истиқлолият мебошем ва барои ободии диёри азизи номдорамон – Тоҷикистон, боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имруза аз фарзанди фарзонаи миллат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азиз кору пайкор менамоем ва ҳар як суханашро амалӣ мегардонем.  Ба чорабинӣ муовини роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Примқулова Азиза комёбиҳо орзу намуда барои рушди Маркази омузиши «Имкон М» муваффақиятҳо таманно намуд.  Дар чорабинӣ зиёда 50 нафар наврасон иштирок намуда  дар мавзӯҳои «Оилаи ман», «Ман хушбахтам», «Ватани азизам!», «Ман калон мешавам…» расмҳои худро бо орзуҳои ширин кашиданд. Дунё аз нигоҳи кудакон басо рангину зебо ва аз ҳаёти хушбахтонаи даврони Истиқлол  дарак медод. Шоҳҷоиза насиби Ҳамдамова Ситораи 9 сола — аз ҳама иштирокчии хурдсол гардид, ҷойҳои намунавӣ — насиби Абдуразоқова Паризод, Ф.Тошматов   ва М.Расулов аз деҳаи дурдасти Куруш гардид, ки онҳо бо Диплом ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, ҳамаи иштироккунандагон, барои иштироки фаъол, бо Сипоснома ва туҳфаҳо сарфарозонида шуданд. Дар чорабинӣ бо шавқи том падару модарон низ ширкат варзиданд ва барои ташкили чорабинии шавқовар миннатдорӣ баён намуданд. Дар чорабинӣ, сармутахассиси самти ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Абдуқаюмова Дилбар иштирок намуда барои ташаббуси ҷавонон ва ташкили чорабинии муфид изҳори миннатдорӣ намуд ва гуфт, ки нигоҳи кудакону наврасон, ки дар амалҳояшон ифода намуда буданд, ояндаи дурахшони онҳо, ватандустию худшиносии миллӣ, ба монанди касбу ҳунар интихобкунии онҳоро таҷассум намуд.  Чорабинӣ ҳам идона ва ҳам тарбиявию ахлоқӣ баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>