Намоиши маҳсули дастони моҳир

20180516_114855

АШТ. Бахшида ба эълон гардидани «Соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ташкилоти ибтидои Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дузандагӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, қӯроқдӯзӣ, тӯпидӯзӣ ва намоиши кадбонугӣ бо иштироки  аъзоёни ҳизб ва собиқадорони ҳизб баргузор гардид. Занону духтарони муассисаи мазкур маҳсули дастони хешро ба намоиш гузошта, ҳозирин аз ҳунарҳои миллӣ ва малакаи онҳо бархӯрдор гардиданд. Раиси Шӯрои собиқадорон М. Мадаминова зимни сӯҳбат зикр намуд, ки Раиси муаззами Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ки санаи 16 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, ба ташкилотҳои ибтидоӣ дастур пешниҳод намуданд, ки баҳри рушди инкишофи сайёҳӣ, ҳунарҳои халқӣ ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ тарбия намудани шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Аз ин лиҳоз чорабинии мазкур ба рушди корҳои хонагӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ дар байни кормандон таъсири мусбӣ хоҳад расонид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 100 нафар кормандони коргоҳ ва меҳмонон ширкат варзиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>