Тақдими аробачаи маъюбӣ

Тақдими аробачаи маъюбӣ ба Валентина Ереминаи 94 (1)

БӮСТОН. Валентина Еремина, иштирокчии ақибгоҳ буда, баҳри таъмини шароити иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои расидан ба Ғалаба бар фазишм содиқона хизмат намудааст. Номбурда имрӯз ба синни мубораки 94 — солагӣ қадам ниҳод. Тибқи иттилои табибон мавсуф гирифтори бемории пойҳо буда, дар роҳгардӣ азият мекашид. Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аёдат ва дидорбинии пирони хирад ва шахсони ниёзманду барҷомонда имрӯз Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ба аёдати Валентина Ереминаи 94 — сола ташриф оварда, ӯро бо рӯзи мубораки милоди умраш таҳният гуфт. Ба Валентина Еремина номаи шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода расонида шуда, ба ӯ аробачаи маъюбӣ ҳадя карда шуд. Дар навбати худ Валентина Еремина изҳори сипосмандии хешро ба Роҳбарияти Олии Ҳукумати кишвар баён дошт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>