Вохӯрӣ бо аҳли зиё

20180601_112906

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси нақшаи чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар толори МТМУ №20 бо омӯзгорон ва ҷавонон вохӯрӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам, муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон ва сарвари МТМУ №20 Отабоева Феруза иштирок ва баромад намуданд.Раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам таассуротҳои худро доир ба мулоқоти Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар  ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон доир гашта буд ба ҳозирин баён намуд. Аз ҷумла суҳбати озодона дар бораи тарбияи насли наврас, саломатии миллат, экстремизм ва терроризм, таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, истифодаи қувваи барқ ва пардохти он, ободкорӣ дар маҳалли зисти худ, хариду фурӯши одам ва ғайра доир гардид. Дар охир ба саволҳои иштироккунандагон Одилзода Рустам посух дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>