Вохӯрӣ бо интихобкунандагон

бғ мулоқот

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Санаи 17 июни соли равон интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии «Хистеварз» №63 баргузор мегардад. Аз ин лиҳоз рузи гузашта дар маҷлисгоҳи МТМУ №5 ва МТМУ №40-и ҷамоати деҳоти Хистеварз вохӯрӣ бо интихобкунандагон гузаронида шуд. Дар Конференсияи 28-уми кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номзадии Очилов Дадо Икромович пешбарӣ шуда буд. Шахсони боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии Хистеварз №63 Дадобоев Нарзулло Гадойбоевич ва Низомиддин Муродӣ бо ҳаёт, фаъолият ва барномаи пешазинтихоботии Очилов Дадо Икромович маълумот доданд. Интихобкунандагон Қодиров Деҳқонбобо, Аминова Мунаввар ва Ахмедова М., баромад карда, аҳли интихобкунандагонро  даъват намуданд, ки дар рӯзи интихобот ба тарафдории Очилов Дадо Икромович овози худро диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>