Об – мӯъҷизаи мӯъҷизаҳост

2

ХУҶАНД. Дар ҳошияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар ташкилоти ибтидоии «Хуҷандобуканал» бо мақсади тарғибу ташвиқи моҳият ва аҳамияти «Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор» чорабинии илмӣ – назариявӣ гузаронида шуд. Мусаллам аст, ки Тоҷикистон – сарчашмаи обҳои зулолу мусаффо ва табиати беназиру нотакрор мебошад. Аз ин рӯ, ҳифз ва тоза нигоҳ доштани обанборҳо, пешгирии исрофкории об аз масоилҳое буданд, ки дар чорабинии мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳифз ва истифодаи оқилонаи об имкон фароҳам меорад, то мо дар роҳандозӣ намудани Барномаи стратегии «Об барои рушди устувор» — ро амалан дар ҳаёт татбиқ намуда, саҳми беназири хешро дар амали байналмилалӣ гузорем. Ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоии «Хуҷандобуканал» Қодиров А.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро бо Рӯзи касбии онҳо шодбод намуда, коргарони фаъолро бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бобоева Зеварой ба чор нафар аъзоёни фаъоли ҲХДТ, ки дар иҷрои Барнома, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба даст овардани ваҳдат, сулҳу суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ – иҷтимоӣ, созандагиву ободкорӣ ва зиндагии шоиста фаъолияти бесамар мебаранд, бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иттифоқи касабаи вилоят оид ба саноат, рушди маҳал, хоҷагиҳои манзилию комуналӣ, газӣ ва хизматрасониҳои маишӣ Қобилов Олим Муҳаммадҷонович низ ширкат варзида, ҳозиринро бо Иди касбӣ шодбод гуфта, бо Ифтихорнома қадрдонӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>