Тақвияти фаъолият – тақозои замон

истарав

ИСТАРАВШАН. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд курсҳои бозомӯзӣ ҷараён доранд. Ин иқдом аз дастуру супоришҳои Роҳбари ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, ҳадафаш тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар ҷойҳо мебошад. Ин навбат курси бозомӯзӣ дар шаҳри Истаравшан доир шуд. Машғулиятҳои курси бозомӯзӣ раисони кумиҷроияҳои ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони масъули ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристонро ба ҳам овард. Роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов гуфт, ки ҳадафи машғулиятҳои курси бозомӯзӣ ин пеш аз ҳама, тақвият додани фаъолияти ҳизб дар манотиқи кишвар, инчунин, баланд бардоштани дониши сиёсии роҳбарони ин ташкилотҳо маҳсуб мешавад. Абдураҳмон Хонов перомуни усулҳо ва манбаъҳои ташвиқоти пешазинтихоботӣ сухан карда, гуфт, натиҷаи фаъолияти ҳар як ҳизби сиёсӣ дар низоми сиёсии ҷомеа дар ҷамъбасти маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла, интихоботҳо возеҳ мегардад. Пирӯзии ҳизбиёни мо дар интихоботҳои қаблӣ баёнгари дархӯрди ҷомеа будани барномаҳои ҲХДТ аст. Ба гуфтаи Абдураҳмон Хонов барномаҳои ҲХДТ бо ҳадафҳои Ҳукумати кишвар тавъам буда, муттаҳидиву якдилӣ ва суботу тараққиёти ҷомеаро ҳадафи хеш қарор додааст. Ду сол пас маъракаи муҳими сиёсӣ – Интихоботи Президент ва интихоботи вакилони маҷлисҳои оливу маҳаллӣ сурат мегирад. Номбурда, интихоботро омили муҳими ҷалби шаҳрвандон ба идоракунии давлат номида, зарур донист, ки ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолияти худро баҳри баланд бардоштани нуфузи ҳизб ва маърифати сиёсии ҷомеа тақвият бахшанд. Аз ин рӯ, баробари фаҳмонидани усул ва манбаъҳои ташвиқоти пешазинтихоботӣ як қисмати сӯҳбати Абдураҳмон Хонов ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ ва рушди фарҳанги сиёсии аъзои ҳизбро дар бар гирифт.  Абдураҳим Шоҳиён – мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар ташаккули маърифати сиёсии ҷомеа гузаронидани соатҳои сиёсиро муҳим мешуморад. Соатҳои сиёсӣ моҳе як маротиба бояд гузаронида шаванд, аммо ин раванд дар баъзе минтақаҳо суст ба назар мерасад. Риояи қонунҳо дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ва ғайра аз масоиле ҳастанд, ки дар меҳвари тарғибу ташвиқи ҳизбиён бояд қарор бигиранд, -гуфт Абдураҳим Шоҳиён.  Номбурда татбиқи қарорҳои Маҷлиси КИМ, амалишавии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ-ро натиҷагирӣ карда, перомуни бархе камбудиҳои дохилиҳизбӣ ҳарф зад. Фаъолияти гурӯҳҳои вакилӣ дар баъзе ташкилотҳои ҳизбӣ камранг буда, тақвият мехоҳад. Бархе аз гурӯҳҳои таблиғотӣ бошанд фақат дар арафаи маъракаҳои интихоботӣ фаъол ҳастанд. Моро зарур аст, ки минбаъд низ ҷиҳати татбиқи барномаҳои интихоботиямон корбарӣ намоем, — гуфт Абдураҳим Шоҳиён. Гузашта аз ин, ҳамкории вакилон бо кумиҷроияҳо раванди тоза мехоҳад. Яке аз масъалаҳои муҳими дохилиҳизбӣ ин ҳаракати аъзо мебошад, ки аз ҳар узви ҳизб, ки макони истиқомати худро иваз мекунад, масъулият мехоҳад.  Роҳбарони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадоранд, ки ҳини қабули аъзо пеш аз ҳама, онҳоро бо оинномаи ҳизб шинос намоянд. Оиди сифати аъзо дар маҷлиси КИМ Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкидҳои мушаххас намуда буданд. Таъкид шуд, ки ҲХДТ дорои сохтори комил ва шеваи хоси фаъолият буда, барномаи он дар сатҳи ҳукумат пиёда мегардад. Аъзо ва роҳбари ҳизб будан дар баробари ифтихор, масъулияти бисёрро тақозо мекунад. Имрӯз ҲХДТ базаҳои омода намудани кадрҳоро мемонад ва таваҷҷӯҳ ба кадрҳои ҳизбӣ зиёданд. Лексия – сӯҳбати навбатӣ ҳамин мавзӯъро фаро гирифт.  Машғулият дар мавзӯи «Кадрҳо – меҳвари рушд ва устувории давлат», ки аз ҷониби Маҳмадулло Наимов – мудири шӯъбаи таблиғоту таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ироа шуд, давом кард. Номбурда афзуд, дар пешбурди сиёсати созандаи Сарвари давлат, устувории давлату рушди босубот кадрҳо нақши муҳим доранд. Кадрҳои ҲХДТ масъулияти ҳизб дар ҷомеаро, ки ҳадафаш хидмат ба ҷомеа аст, бо фаъолиятҳои созандаи худ собит сохта истодаанд. Ин аст, ки бо сарварии Раиси муаззами ҲХДТ давлати Тоҷикистон аз марҳилаи тараққиёт ба тавоноӣ расида истодааст, — гуфт Маҳмадулло Наимов. Қабули пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи байналмилал ин гуфтаро тақвият мебахшад. Ба андешаи Маҳмадулло Наимов истиқлолияти энергеттикӣ ва дигар барномаҳои стратегӣ Тоҷикистонро ба тараққиёт расонда, роҳ ба сӯи тавоноии давлатро боз ҳамвортар мекунанд. Дар ин ҷода ҲХДТ ҳамчун ҳизби фаъоли ҷомеа ва мардумӣ нақши босазо хоҳад дошт. Дар интиҳо Матлуба Мухторова, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба намояндагони Кумиҷроияи Марказӣ арзи сипос карда, гуфт, ки курси бозомӯзӣ дониши сиёсии роҳбарони ташкилот ва аъзои ҳизбро тақвият бахшида, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро такони тозае хоҳад дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>