Курси бозомӯзии ҷумҳуриявӣ

34030049_392133454624221_4998763327434784768_n

ПАНҶАКЕНТ. Мутобиқи барномаи пешниҳодшуда курси бозомӯзӣ ҷумҳуриявӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони масъули ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  доир гардид, ки дар он  раисони КИ ҲХДТ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳстони Масчоҳ  ва инчунин аз КМ ҲХДТ иштирок доштанд. Нахуст, Раиси шаҳри Панҷакент мӯҳтарам Ислом Зиёзода меҳмононро хушомадед намуд. Сипас Хонов Абдураҳмон– Роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ оид ба мавзӯи “Усулҳо ва манбаҳои ташвиқоти пешазинтихоботӣ” ва “Ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ ва рушди фарҳанги сиёсии аъзои ҳизб” баромад намуд. Дар машғулияти навбатии Шоҳиён Абдураҳим– Мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМҲХДТ ба сухан баромада оиди “Татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (аз 16.02.2018) ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ”, “Дастуру супоришҳои Пешвои миллат дармулоқот бо намояндагони ҷомеи кишвар (12.05.2018)” ва инчунин «Омилҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он»  баромад карда қайд намуд, ки мутаасифона, терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд. Сипас Наимов Маҳмадулло–Мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии  Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба сухан баромада  “Кадрҳо – меҳвари рушд ва устувории давлат”. баромад намуд ва миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт. Дар охир раис  КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода оиди баргузории курси бозомӯзӣ ҷумҳуриявӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>