Маҷлиси кумитаи иҷроия доир гардид

бг мачлис

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид. Дар кори маҷлис роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонов А.У., Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаттоҳзода С., Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Назирӣ З.В., аъзоёни кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва инчунин раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок намуданд. Маҷлиси кумитаи иҷроия рӯйи масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт: Оид ба даровардани тағйирот ба шумора ва ҳайати кумитаи  иҷроия ва раёсати он;  оиди аз вазифаи раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи    Бобоҷон Ғафуров озод намудани Муқимзода Наим;  Оид ба интихоби раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров. Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис «Оид ба даровардани тағйирот ба шумора ва ҳайати кумитаи иҷроия ва раёсати он» роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Хонов А.У., қайд намуданд, ки чӣ тавре, ки ҳар яки шумоён огоҳ ҳастед, аъзои кумитаи иҷроия ва раёсат, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муқимзода Наим тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.02.2018 таҳти №АП-998 мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъин карда шуд. Аз ин лиҳоз, Муқимзода Наим  бинобар иваз намудани ҷойи кор ва макони зист аз аъзогии кумитаи иҷроия ва раёсат бароварда шуда, Анварзода Амир ба аъзогии кумитаи иҷроия ва раёсат интихоб карда шуд. Бо назардошти он, ки шумораи аъзоёни ҳизб дар ноҳия рӯз аз рӯз зиёд гашта истодааст, таклиф шуд, ки шумораи аъзоёни кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз 29 нафар ба 31 нафар расонида шавад. Бобоева Дилбар Домуллоевна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Қосимова Малика Султановна – сардухтури шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ба ҳайати аъзои кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ интихоб карда шуданд. Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис «Оиди аз вазифаи раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озод намудани Муқимзода Наим» мавриди муҳокима қарор дода шуда, лоиҳаи қарор тасдиқ карда шуд.Аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис «Оид ба интихоби раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.» роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Хонов А.У., розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳозирин расонид.    Роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Хонов А.У, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаттоҳзода С., Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Назирӣ З.В.,  раиси тозаинтихоби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирро бо интихоб шудан ба ин вазифаи пуршараф ва бомасъулият табрик намуда, барояшон барори кор орзу намуданд. Инчунин, раиси тозаинтихоби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амир аввалан минатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, қайд кард, ки ба Ватан ва халқи худ ҳамеша содиқ монда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари кишвар ва амалишавии Барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ ҳамаи донишу малака ва он таҷрибаҳое, ки дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш ба даст овардааст, равона месозад. Дар охир раиси ноҳия Назирӣ З.В., бори дигар ташрифи меҳмононро ба ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров хайрамақдам намуда, қайд кард, ки мардуми шарафманди ноҳия баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон содиқона хизмат намуда, дар корҳои созандагиву ободонӣ камари ҳиммат мебанданд. Бо ҳамин ба кори маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хотима бахшида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>