Ҷавонон зидди амалҳои ифротиён бошем

андеша

АНДЕША. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта ҳангоми ҷамъ омадани наҳзатиён эҳсос карда аз пуштибонҳои онҳо низ каме огаҳӣ пайдо карда буданд. Онҳо бо шиору овезаҳо ба майдон баромада ба инқилобу дигаргунсозии ҳукумат даъват менамуданд. Дар охир ба орзуи бади хеш расида боиси ғаму ғурбати сокинони осоишта гаштанд. Имрӯз низ боқимондаи хунхорон бо кӯмаку дастгирии хоҷагонашон аз мардуми оддӣ ва ҷавонон даъват ба амал оварда баъзе онҳоро гумроҳ сохта истодаанд. Аммо ҷавононро  бояд ҳушдор дод, ки ақли солимро пешаи худ кунанд ва фирефтаи ҳаргуна ваъдаҳои хоинону лекторҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро нашаванд. Зеро терроризм ва ифротгароӣ ба як муаммои мубрами рӯз табдил ёфта, ҳамаи мардуми сайёра зидди он мубориза  бурда истодааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки маърифати ҳуқуқӣ, ҳуввияти миллӣ, масъулияти волидону омӯзгорон дар тарбияи насли наврас рӯз аз рӯз баланд гардида, мардуми шарафманди мо барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тақлиди фарҳанги бегона дастаҷамъона мубориза бурда, намегузоранд ки ягон ашхоси бегонапараст сулҳу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро халалдор созад. Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои тӯлонӣ роҳбарияти ҲНИТ дар Тоҷикистон ҷавононро ба ҳар роҳу восита ба худ ҷалб намуд ва имрӯз низ ҳаракати бесамарона дорад. Ҷавонони гумроҳро ба хотири амали намудани нақшаҳои хеш истифода мекунад. Аммо баъзе аз ҷавонони мо ба гуфтаҳои онҳо бовар карда, ба амалҳои номатлубро иҷро намуда барои нооромии кишвари хеш монеаҳо эҷод кардан хостанд. Онҳо ҳамчунин ба гуруҳҳои Ал-қоида, Толибон, Ҳизби таҳрир ва дигар гуруҳҳо шомил гашта, барои ҷомеаи навини мо хатар эҷод мекунанду наслҳои нави террористонро ба дунё меоранд.  Ҳамаи мақомотҳои қудратии Тоҷикистон баҳри пешгирии ин омил тадбирҳои зарурӣ андешида, барои аз байн бурдани он кӯшиши ҳамешагӣ доранд. Маҳз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низволидонро  дар таълиму тарбияи фарзанд вазифадор мекунад. Барои посдории фарҳанги миллии аҷдодиамон ҳар яки мо сокинони ватандусту худогоҳ  бояд кӯшиш ба харҷ диҳем. Сиёсати хирадмандона ва пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ободониву шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон бахшида шудааст, содиқона ҷонибдорӣ намуда, бо ҷону дил барои ободонии ватанамон хизмат намоем. На ин, ки мисли Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хаёли пулу сарват ва дигар манфиатҳо зидди миллати хеш муаммоҳо эҷод кунем. Зеро барои онҳо на Модар на Ватан қадр дораду на ягон  чизи дигар. Амалҳои  бозгӯи онаст, ки  намояндагону аъзоёни ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИТ аз ҷумлаи афроди тафриқаандоз буда, дар байни мардум ҳамин танҳо ақидаҳои куфрро паҳн месозанд.

Лоиқ Тӯйчиев ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>