Дастоварди дзюдочиён

IMG_20170923_131034 - копия (2)

АЙНӢ Дар толори варзишии “Устопириён”-и шаҳри Хуҷанд, мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба гуштини тарзи “Дзюдо” байни наврасон бахшида ба “Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид, ки дар он варзишагрони клуби “Хушекат”- ноҳияи  Айнӣ  иштирок намуданд.Дар рафти мусобиқа  Некрӯз Анорқулов дар вазни 22 кг сазовори медали тилло, Илҳом Зарифов дар ҳамин вазн сазовори ҷойи дуюм, Фирӯз Анорқулов дар вазни 27 кг сазовори медали нуқра, Саидмеҳр Нуриддинов дар вазни 40 кг сазовори медали биринҷӣ, аз МТМУ №14,  Мавлон Мавлонов дар вазни 35 кг ҷойи дуюм, Хуҷмаҳмад Тошев дар вазни 40 кг ва Саид Раҳматов дар вазни 22 кг аз МТМУ №49 ҷои сеюмро ишғол нмуданд. Қобили қайд аст, ки меҳнати шабонарӯзӣ ва ҳисси баланди Ватандӯстии муррабӣ Сафаралӣ Ҳасанов дарак медиҳад. Ин ҷавони меҳандӯст бо дастгирии раиси ноҳияи  Айнӣ   Неъматулло Раҳматуллозода ва маъмурияти МТМУ №14 клуби варзишӣ ташкил намуда, наврасони деҳаро тамрин медиҳад. Варзишгарони клуб дар давоми 9 моҳи фаъолият дар бисёр мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори медалу ифтихорномаҳо гаштаанд.Мо сокинони деҳа сипосгузории худро ба раиси ноҳия, барои дастгирии бевоситаашон ба рушди соҳаи варзиш баён намуда, ба дзюдочиёни клуби “Хушекат” дар оянда комёбиҳо таманно дорем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>