Иқдомҳои созандаи ТҶҶ “Созандагони Ватан”

???????????????????????????????

АЙНӢ. Баҳри дар амал тадбиқ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Айнӣ ва  ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо аъзоёни ташкилот пайваста вохӯриҳоро доир намуда, иқдомҳои созандаро роҳандозӣ намуда истодааст. Тибқи нақша-чорабинии КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия дар МТМУ №8 -и деҳаи Зоосун, байни хонандагони МТМУ№2-и деҳаи Урметан, МТМУ №45-и деҳаи шаҳраки  Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан, МТМУ №42-и деҳаи Томин,  МТМУ №8-и деҳаи Зоосуни Ҷамоати деҳоти Айнӣ, озмуни “Наттоқи созанда”  баргузор карда шуд, ки дар он, устодон, хонандагони суханвари муассисаҳои номбурда ширкат варзиданд.Нахуст,  Раиси  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия  Қобилзода  Абдуғанӣ доири сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат,  ибрози назар намуда, озмуни “Наттоқи созандаро”  ҳусни ифтитоҳ бахшид. Шарти озмун чунин буд: нутқи бурро,  истифодаи дурусти калимаҳо, бо санъати суханварии худ ҷалб намудани аудитория.  Хонандагони фаъол аз МТМУ№8, Таманно Амондуллоева, аз МТМУ №45 Абдувосит Ҳафизов, аз МТМУ №2 Шаҳло Каримова дар назди устодон ва ҳамсабақони худ, доири мавзӯи “Пешвои мо-ифтихори мо”   баромад намуда, санъати суханварии хешро нишон доданд, ки дар натиҷа хонандаи МТМУ№8 Таманно Амондуллоева сазовори ҷойи якум, хонандаи МТМУ№2 Шаҳло Каримова сазовори ҷои дуюм, хонандаи МТМУ№45 Ҳафизов Абдувосит сазовори ҷойи сеюм шуданд. Аз рафти озмун аён гардид, ки толибилмон китобҳои бадеӣ бештар мутолиа намуда, фонди луғавии худро ғанӣ мегардонанд, ки ин боиси ифтихор аст.  Иштирокчиёни озмун аз ҳамсабақони худ даъват ба амал оварданд, ки бештр китоб хонанду  дар чунин озмунҳо иштирок карда, маҳорати худро санҷанд.  Дар  охир  ба ғолибони  “Наттоқи созанда” туҳфаҳои  хотиравӣ  супорида  шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>