Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият

истарав

ДЕВАШТИЧ. Ҷиҳати ба самъи сокинон расонидани мазмуни муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз санаи 12.05.2018 мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида бо сокинон вохӯриҳо доир гардида буданд. Инчунин дар Қасри фарҳанги ноҳия бо фарогирии шаҳрвандон аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ҷиҳати таъмини иҷроиши дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқот баргзор шуд. Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода оиди тадбирҳои андешидашаванда ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани ифтитоҳӣ намуд. Сипас, роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам зимни баромад дар ин раванд таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуд. Дар мулоқот соҳибкорон иштирок намуда, нисбати ғамхориҳои Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, барои сохтмони як қатор иншоотҳо аз қабили боғчаи кӯдакон, бинои беморхона, бунёди пул, бо ҷалби шахсони саховатпеша ба роҳ мондани таъмири роҳҳои маҳаллӣ пешниҳодҳои ҷолиб карданд. Бояд қайд намуд, ки оиди омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, таъмини иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора қарори раиси ноҳия ба тасвиб расонида шуда, дар ноҳияи Деваштич нақша-чорабиниҳо таҳия карда шуда, дар доираи он тадбирҳои аввалиндараҷа андешида шуда истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>