Мулоқоти вакил бо интихобкунандагон

12

ҶАББОР РАСУЛОВ. Рузи гузашта дар толори МТМУ №30 мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №30 ба номи «Мӯмина Шокирова» Зиёев Музаффар бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз Бобокалонов Олимҷон, сарвари МТМУ №30 Назарова Нилуфар иштирок ва баромад намуданд.Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №30 ба номи «Мӯмина Шокирова» Зиёев Музаффар баромад намуда оиди фаъолияти вакилиаш дар давоми се моҳи аввали соли 2018 ҳисобот дод ва дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» суханронӣ намуд.Муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои номатлуби характери террористию экстремистӣ дошта ва дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Дар охир иштирокчиёни мулоқот ба саволҳояшон посух гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>