Аёдати оилаҳои ниёзманд

20180604_140804

ҶАББОР РАСУЛОВ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аёдати оилаҳои ниёзманд дар давоми моҳи шарифи Рамазон ба нақша гирифта шуда буд. Ин амали нек аз арафаи идишарифи Рамазон оғоз ёфта, то охири моҳ идома хоҳад ёфт. Аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Самадова Саида се оилаҳои ниёзманд дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз аёдат карда шуданд. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод ва Самадова Саида ба оилаҳои аёдатшаванда ташриф оварда, ба онҳо маводҳои ғизоиро супорида, онҳоро аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо моҳи шарифи Рамазон табрик намуданд. То кунун теъдоди оилаҳои аёдатшудагон зиёда аз 70 оилаҳоро ташкил медиҳад. Амали хайр идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>