Курси бозомузӣ барои раиси кумитаи иҷроия ва ташкилоти ибтидоӣ

семинар

СПИТАМЕН. Бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафарабод машғулиятҳои курси бозомузии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар мавзӯи «Оид ба тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» баргузор гардид. Дар машғулияти курси бозомузӣ муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, роҳбари  Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Хонов А, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Наимов М.Р., мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Шоҳиён А.М., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Хомидов И., раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва омори Дастгоҳи Кумитаи  Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Ф.А., муовини аввали Раиси ноҳияи Спитамен, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Зоҳидзода Д.А., иштирк намуданд. Ифтитоҳи расмӣ бо суханронии муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён оғоз гардид. Роҷеъ, муовини раиси ноҳияи Спитамен, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Зоҳидзода Д.А., меҳмононро ба ноҳияи Спитамен хайра мақдам намуда ба кори курси бозомузӣ муваффақиятҳо таманно намуд. Аз гуруҳи корӣ барои шунавандагони курс оид ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (аз 16.02.2019) ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли ҷорӣ, усулҳо ва манбаҳои ташвиқоти пеш аз интихоботӣ, ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ ва рушди фарҳанги сиёсии аъзои ҳизб, нақши ВАО дар инъикоси ҳаёти сиёсии ҷомеа, ва оид ба масъалаи кадрҳо  дастури методӣ ҳам ба тариқи баромад, лексия, суҳбат ва мубодилаи афкор бо намоиши слайд пешкаш карда шуд. Аз машғулияти баргузоргардида, иштироккунандагони курси бозомузӣ, дониши сиёсиашонро баланд бардошта маводҳои муҳимро ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳнамо гирифтанд. Суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари бохиради ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имруз, сармашқи кори якояки аъзоёни ҲХДТ гаштааст, ки чунин гуфтаанд: «Ман дар назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти бузургро эҳсос мекунам ва аз ҳар як узви ҳизб эҳсоси чунин масъулиятро талаб менамоям». Мазмун ва мундариҷаи курси бозомузӣ низ аз ҳамин шиор иборат буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>