Кадрҳо – меҳвари рушд ва устувории давлат

003

МАСТЧОҲ. Дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони масъули ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлолу Ашт ва Мастчоҳ  дар мавзӯи «Оид ба тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» баргузор гардид, ки дар кори он Раъно Бобоҷониён – муовини Раиси ҲХДТ,  Ғайрат Азиззода – раиси ноҳияи Мастчоҳ,  Сарфароз Фаттоҳзода – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дигар кормандони масъули КИМ ва КИВ ҲХДТ иштирок доштанд. Нахуст раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода меҳмононро хайрамақдам гуфта,  доир ба  нақши бузурги ҲХДТ дар ташаккули мафкураи сиёсии шаҳрвандони мамлакат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан гуфт. Таъкид гардид, ки ҲХДТ бо роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои ҳассоси таърихиро паси сар намуда, тавассути садоқат ба халқу ватан ва саҳми шоиста гузоштан дар эъмори Тоҷикистони муосир боварии халқу ватанро сазовор шудааст. Сипас дар мавзӯи “Нақши ҲХДТ дар таҳкими ҳокимияти давлатц”- Раъно Бобоҷониён, муовини раиси ҲХДТ маърӯза карда, оид  ба унсурҳои муҳимтарини таҳкими ҳокимияти давлатӣ маълумот дод. Қайд гардид, ки нақши ҲХДТ дар таҳкими пояҳои давлатдории Тоҷикистон ниҳоят бузург аст. Дар мавзӯи “Татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (аз 16.02.2018) ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат дармулоқот бо намояндагони ҷомеи кишвар (12.05.2018)” Абдураҳим Шоҳиён – мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ суҳбат кард. Зимни суҳбат дар мавзӯи “Истифодаи тарзу усулҳои замонавии ВАО дар маъракаҳои пешазинтихоботц” мудири шуъбаи кор бо занон ва жавонони Дастгоҳи КИМ – ҲХДТ Илҳомжон Ҳамидов дар бораи  тарзу усулҳои самарабахши истифодаи васоити ахбори омма, махсусан сомонаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук  дар маъраҳои сиёсӣ  маълумот дод. Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ  дар мавзӯи “Кадрҳо – меҳвари рушд ва устувории давлат” сухан гуфт ва саҳми ҲХДТ-ро дар омода намудани кадрҳои лаёқатманду пешбаранда муҳим донист. Сипас нишондиҳандаҳои фаъолияти 5 моҳаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ тавассути видеоролик пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд. Аъзои фаъоли ҲХДТ Мирзоолим Мирзораҳимов, Сурайё Ёқубова, Абдуфаттоҳ Қурбонов ва собиқадори меҳнат Ҳасани Гулзод доир ба нақши ҲХДТ дар рушду таҳкими давалтадории миллӣ, мавқеи сиёсии ин ҳизб ва вазифаҳои асосии аъзои он сухан гуфта, иброз доштанд, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҳамеша ҷонибдори ҲХДТ буданд, ҳастанд ва мемонанд. Дар охир ба ду нафар аъзои фаъоли ҲХДТ Акбар Қобилов – раиси ҷамоати деҳоти Оббурдон ва Икром Ҳомидов – директори намояндагии ТҶ “Мададгори мудофиа ” дар ноҳияи Мастчоҳ барои тарғибу ташвиқи ғояҳои пешбарандаи ҳизбӣ бо медалҳои ҷашнии “20-солагии ҲХДТ” сарфароз гардонида шуданд. Медалҳоро дар вазъияти тантанавӣ Раъно Бобоҷониён ба фаъолони номбурда тақдим кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>