Конференисияи ғайринавбатии ҳизб

IMG_2042

ХУҶАНД. Дар маҷлисгоҳи «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд Конференисияи XXI ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мӯҳсин Миркамолов, аъзоёни Кумиҷроияи шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони маҷлисҳои вилоятию шаҳрии вакилони халқ, фаъолони ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок карданд. Конференсияи ғайринавбатиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ифтитоҳ бахшид. Баъд аз интихоби ҳайати Раёсат, комиссияи мандатӣ ва котибот вакили Конференсия Назирҷон Азизов ахбороти комиссияи мандатиро ба самъи вакилон расонид. Раисикунандаи Конференсия Наим Маликисломӣ иттилоъ дод, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 16 апрели соли 2018 таҳти №216 «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Ватан» №35 ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда мо имрӯз имкон дорем, ки номзади худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Ватан» №35 пешбарӣ намоем. Бо ҷонибдории вакилони Конференсия номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Ватан» №35 Умаров Махсудҷон Сафарович соли таваллудаш 1964, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, сардори идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, аъзои ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд пешбарӣ гардид ва қарори дахлдор қабул карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>