Вохӯрӣ бо интихобкунандагон

20180606_105122

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси ҷадвали Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба баргузории вохӯриҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо интихобкунандагон дар толори МТМУ №6 вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №35 ба номи «Раҳимӣ» Сулаймонов Муин баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон, раиси маҳаллаи №2 Ҳомидова Санавбар иштирок ва баромад намуданд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №35 ба номи «Раҳимӣ» Сулаймонов Муин баромад намуда оиди фаъолияти вакилиаш дар давоми панҷ моҳи аввали соли 2018 ҳисобот дод ва дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», маданияти шаҳрдорӣ ва маданияти экологӣ суханронӣ намуд. Муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои номатлуб, характери террористию экстремистӣ дошта ва дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», омода намудани ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Дар охир иштирокдорони вохӯрӣ суолу ҷавоби озодона баргузор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>