Мулоқот бо аҳолии маҳаллаи Қайнар

махалла

ПАНҶАКЕНТ. Чанде пеш вохӯрӣ бо шаҳрвандони маҳаллаи «Қайнар» оид ба расонидани мӯҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки дар арафаи оғози Моҳи шарифи Рамазон доир гардида буд, гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ Мудири шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оид ба дастуру супоришҳои навбатии Сарвари давлат баҳри зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвар суханрони намуд. Роҳбари намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан дар шаҳри панҷакент А. Амонов табрикоти Пешвои миллатро бахшида ба оғози Моҳи шарифи Рамазон расонида даъват  намуд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат дар моҳи хайру саховат ва бахшишҳо бояд ҳар як фард баҳри анҷом додани амалҳои хайриявӣ кӯшиш намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>