Ваҳдат – роҳи шукуфоӣ

20180606_085210

ҶАББОР РАСУЛОВ. Саодати миллат дар ваҳдат аст. Дар ҳақиқат ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон,таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди мардуми тоҷикон, нумуи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.  Дар толори МТМУ №40-и ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи нақшаи чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия соати сиёсӣ дар мавзуи «Ваҳдат – роҳи шукуфоӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон, сарвари МТМУ №40 Одилов Фаёз ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод иштирок ва суханронӣ намуданд. Муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон иброз дошт, ки бисту як сол қабл, яъне 27 июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо саъйу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон  аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.  Сарвари МТМУ №40 Одилов Фаёз таъкид намуд, ки ҳар давру замон шахсони оқилу донои худро дорад, ки ҳаракат мекунанд халқҳоро муттаҳид ва дӯстиву рафоқатро пойдор гардонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ягонагиро ба даст овард ва ба ҳаёти созандаю бунёдкорӣ машғул аст. Дар охир бо иштирокчиён суҳбати озод баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>