Мусобиқаи варзишӣ

???????????????????????????????

АЙНӢ. Тибқи  нақшаи  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия  ва  ТҶҶ  “Созандагони  Ватан” Дастаи футболбозони МТМУ №8-и деҳаи Зоосун  бо дастаи футболбозони   МТМУ №45-и деҳаи шаҳраки  Ревад, дастаи футболбозони МТМУ №2-и деҳаи Урметан бо дастаи футболбозони МТМУ №42-и деҳаи Томин  мусобиқа намуданд, ки дар натиҷа МТМУ №8 ва МТМУ №2 ҳарифони худро шикаст дода, ба даври ниҳоӣ баромаданд.  Дар даври ниҳоии мусобиқа, рақобат байни дастаҳои ғолиб ҷолиби диданӣ сурат гирифта,  дастаи футболбозони МТМУ№8 сазовари ҷойи якум ва футболбозони МТМУ №2 ҷойи дуюм, футболбозони МТМУ №42 сазовори ҷойи сеюм гаштанд. Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия  ва  ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ғолибони озмун  тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>