Татбиқи амалии қонунҳо

20180611_110048

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар толори МТМУ №16 бо сокинони маҳаллаи №5-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз вохӯрӣ оид ба фаҳмонидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Умарзода Ботирҷон, сарвари МТМУ №16 Қундузов Комилҷон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №32 Сатторов Ойбек иштирок ва баромад намуданд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №32 Сатторов Ойбек дар баромади худ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд» суханронӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки барои таълиму тарбияи самарабахш ва сохибмаърифату хушахлоқ ба камол расонидани насли наврас хамкориро бо падару модарон вусъат додан зарур аст. Муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъмини иҷроиши он суханронӣ намуд. Инчунин дар бораи ҳисси ватандӯстӣ суханронӣ намуда иброз дошт, ки дар шуури фарзандон бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар  ва сарзамин вазифаи асосии падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеа мебошад. Дар фарҷоми маҳфил суолу ҷавоб доир ба мавзуъҳои дар боло зикргардида баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>