Нақши зан дар таҳкими Ваҳдат ва осоиштагии ҷомеа

1528292974_5b17e66e411bb

КОНИБОДОМ. Ба истиқболи яке аз ҷашнҳои бузург-Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳот вохӯриву мулоқотҳои судманд доир шуда истодааст. Чунин вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, махсусан бо занҳо низ баргузор шуд. Занони барӯманди шаҳр, собиқадорони ҲХДТ ва меҳнат Ҳанифа Юсуфова, Мавҷуда Турсунова, Раъно Ҷӯраева ва Замира Бойматова оид ба моҳияти сулҳ ва аҳамияти таърихии Ваҳдати тоҷикон сухан ронданд. Фаъолзанон озодиву истиқлол ва амнияту суботи кишвар ва сокинони диёрро аз баракати Ваҳдат арзёбӣ карданд. Нақши занону духтарон ҳам дар пойдории Ваҳдати миллӣ назаррас мебошад,- зикр гашт дар мулоқот. Чун тавонии миллат ба зан-сарчашмаи зиндагӣ низ вобастагӣ дорад, пеш аз ҳама бонувони тоҷик бо истифода аз нерӯи созанда дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши бориз гузоранд. Зикр шуд, ки ҳар як зан-модар бояд дар устувории сулҳ ва пойдории суботи ҷомеа саҳмгузор бошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо дар шуури наслҳои имрӯз ғояҳои сулҳу ваҳдатро вусъат бахшидан зарур аст. Зимни мулоқот занони деҳа ба суолҳояшон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>