Вохӯрии вакили мардум

20180606_140337

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар толори бинои маъмурии Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Ҷаббор Расулов вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №31 Самадова Саида бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯри оиди масъалаҳои зерин гуфтугузор карда шуд: дар бораи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», пешгирии экстремизм, пешгирии зуроварӣ дар оила, пешгирии никоҳи бармаҳал ва хешу таборӣ, дар бораи муҳоҷират, маданияти шаҳрдорӣ ва маданияти экологӣ. Сараввал вакил оиди фаъолияти худ дар давоми панҷ моҳи сипаришуда ҳисобот дод. Баъдан раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам таассуротҳои худро доир ба мулоқоти Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар  ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки санаи  12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гашта буд баён намуд. Дар охир иштироккунандагони вохӯрӣ ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>