Мулоқот бо ҷавонони Ҷамоати деҳоти Саразм

саразм

ПАНҶАКЕНТ. Терроризм ва ифротгароии хушунатомез чун вабои аср ҳамагонро ба ташвишу изтироб оварда,  имрӯз мавзӯъи музокироти сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст. Ташкил гардидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки мақсадашон ноором сохтани авзои сиёсии давлатҳо бо сӯистифода аз эътиқоди динӣ гумроҳсозии ҷавонон аст, ҳар рӯз дар ин ё он гӯшаи дунё ба амалҳои хуношом даст мезананд, ҷойи ободеро ба харобазор табдил медиҳанд. Ҳамаи ин нооромӣ ва хунрезиҳо моро ҳушдор медиҳад, то баҳри ҳифзи амну осоиштагии Тоҷикистони азиз чораҳои зарурӣ андешем. Барои ба мардум расонидани муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Саразм деҳаи Шӯрнова ҷамъомад барпо намуд. Дар он мудири шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Б. Лутфуллоев оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, ба омма нишон додани симои аслии террорист, ки онро Пешвои миллат — « террорист  террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгаро» буда наметавонад, шарҳ дод. Дар охир роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» А. Амонов баромад намуда ҷавононро ба ватандӯсти ва садоқат ба миллат  даъват намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>