Аёдати кӯдакони маъюб ва собиқадорони меҳнат

заф

ЗАФАРОБОД. Бо  мақсади амалӣ намудани ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бахшида ба моҳи шарифи Рамазон барои аёдати оилаҳои ниёзманд тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифов Туйғун барои аёдати маъюбон ва собиқадорони меҳнати  шаҳраки Ҳаёти нав  рафта аз шароити зисташон бохабар шуд. Ба аёдатшавандагон маводи хурока аз қабили орд, биринҷ, равған ва ғайра тақдим карда шуданд. Чунин дидорбиниҳо тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро фаро гирифта, дар ин амали хайр раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони маҷлиси ноҳиявӣ ва шахсони саҳоватпеша саҳми босазо гузошта истодаанд. Зимни суҳбату мулоқотҳо шахсони аёдаткарда шукри истиқлолият шукри Ваҳдати миллӣ намуда, миннатдории хешро барои ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон расонида барои устувории истиқлолият, ваҳдату амонӣ ва оромиву шукуфоии Ватани азизамон дасти дуо кушоданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>