Дидорбиниву аёдат аз ҷониби вакилон

1528369439_5b19111f7258a

КОНИБОДОМ. Бо мақсади иҷрои амалҳои неку хайрхоҳона дар моҳи Рамазон аз тарафи марди саховатпеша-роҳбари генералӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар  Ҷ/С «Ассор» Тӯлқунбой Деҳқонов ва фарзандонаш узви аъзои ҲХДТ вакили Маҷлиси вилоятӣ Муродҷон Тулқунбоев, вакили Маҷлиси шаҳрӣ Мубинахон Деҳқонова ва вакили маҷлиси маҳаллӣ Ҷаҳонгир Деҳқонов 60 оила аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Патар, Пӯлодон ва Ғафурҷон Ортиқов ба ғамхорӣ фаро гирифта шуданд. Зимни аёдат бештар собиқадорони меҳнат — собиқ кормандони Ҷ/С «Ассор», оилаҳои камбизоат, бесаробон ва шахсони маъюб дидорбинӣ карда шуда, ба онҳо маводи озуқа, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар ва нон дастрас гардид. Ҳангоми аёдат намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Асрорхон Ғуфронзода низ иштирок намуда, аз номи роҳбарияти шаҳр аёдатшудагонро бо моҳи мубораки Рамазон табрик гуфт. Шахсони аёдатшуда аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат миннатдорӣ баён доштанд. Қайд карданд, ки дар баробари роҳбарияти шаҳр вакилони ҳудуди ҷамоат доимо аз аҳвол ва шароити зисташон пурсон шуда, кӯмакҳои моддӣ мерасонанд. Махсусан, нафақахӯрони заводи равғанбарорӣ (ҳозира ҷамъияти саҳҳомии «Ассор») Шукурҷон Мамадқулов, Содиқҷон Ҳаитов, Амонбой Ӯрунбоев ва чанде дигарон ба роҳбарияти он аз дастгириву ёрии ҳамешагиашон изҳори сипос карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>