Ифтитоҳи калонтарин маркази савдо

IMG_1227

БӮСТОН. Чанде пеш калонтарин маркази савдо дар шаҳри Бӯстон ба фаъолият оғоз намуд. Дар кори ифтитоҳи маркази савдо раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён  Раъно Маҳмудзода ва сокинони касбу кори гуногун, аҳолии маҳал ва ҷавонон ширкат намуданд. Нахуст роҳбари шаҳр оид ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, ифтитоҳи калонтарин маркази савдоро дар шаҳр пас аз таҷдид ва азнавсозӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ дар остонаи таҷлили 21 солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ фоли нек арзёбӣ намуд. Сипас, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода оид ба таъмини шароити арзанда ба сокинони кишвар аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар назаррас арзёбӣ намуда, иқдоми навбатии соҳибкорони шаҳри Бӯстонро дар заминаи баргузории мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли       ҷамоатчигии кишвар муфид арзёбӣ намуд. Боиси зикр аст, ки маркази савдои мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Ёдгор Мамадов ва Абдулаҳай Шарипов таҷдид ва азнавсозӣ гардида, дар он 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва музди мусоид таъмин гардиданд. Маркази савдои мазкур дар заминаи барқарории равобити дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва рамзи таҳкими дӯстиву рафоқат бо кишвари ҳамсоя “Самарқанд” номгузорӣ карда шуд. Маркази савдои мазкур дар кӯчаи А.С.Пушкин воқеъ буда, яке аз калонтарин марказҳои савдои шаҳр ба ҳисоб меравад, ки сокинон имкони харидории тамоми маҳсулотро бо нархҳои дастрас аз он пайдо хоҳанд намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>