Сафи аъзоёни ҳизб меафзояд

ҶАББОР РАСУЛОВ. Баҳри ҷалби аъзоёни нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.  Рӯзи 18 июни соли 2018 мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод ва мудири шуъбаи омор Отабоев Пулодҷон дар беморхонаи марказии  ноҳия, КАТС-и ноҳия, кӯдакистони №23 ва МТМУ №30 дар фазои тантанавӣ ба 23 нафар аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супориданд. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ таъкид намуд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб баҳри амалисозии ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ кӯшиш ба харҷ дода, дар корҳои ҳизбӣ, тарғиботию ташвиқотӣ барои ҷалби бештари аъзоён фаъол бошад. Сафи аъзоёни ҳизбро мо бояд аз ҷавонони фаъолу болаёқат, шахсони ватандӯсту ватанпараст зиёд намоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>