Ифтитоҳи бинои прокуратура

41229621940_aea29489eb_z3

КОНИБОДОМ. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои мақомоти прокуратураи шаҳрро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд. Бинои прокуратура дар шаҳри Конибодом бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, барои кормандон шароити муосиди корӣ фароҳам оварда шуд. Зимни ба истифода додани  бино, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро  ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, мавриди истифода қарор гирифтани бинои навро туҳфаи арзанда дар ин рӯзи барои мардуми тоҷик таърихӣ ва тақдирсоз муҳим арзёбӣ намуданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои сохтмони бинои мақомоти прокуратураи шаҳри Конибодом зиёда аз 2 миллион сомонӣ сарф гардида, он имрӯз бо сифати баланд ба истифода супорида шуд. Бинои нави мақомот таҳхона ва дуошёна иборат аст. Дар таҳхонаи бино бойгонӣ ва толори варзишӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраи  котибот, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ, санитарӣ, посбон, дар ошёнаи дуюм бошад ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ бо ғунҷоиши 40 ҷойи нишаст, ҳуҷраи фароғатӣ, қабулгоҳ, ҳуҷраи санитарӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд. Ҳама утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо миз ва дигар таҷҳизоти лозимаи корӣ ва технологияи компютерӣ таъмин мебошанд.  Тибқи нақша дар таҳхонаи бино барои ба варзиш машғул шудани кормандон ва обу тоби бадан толори варзишии дорои таҷҳизоти замонавӣ сохта шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари бинои нави мақомоти прокуратура дар шаҳри Конибодом идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, сохтмони иншоот моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, он имрӯз дар муҳлати кӯтоҳ бунёд ёфта, мавриди истифода қарор дода шуд. Лоиҳаи иншоот бошад аз ҷониби ҶДММ «Суғд лоиҳакаш» таҳия гардида, пудратчии асосӣ ҶДММ «СМС» мебошад. Аз сохта мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав кормандон изҳори хушҳолӣ намуда, миннатдории худро барои дастгирииҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ баён доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>