Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ”

Iftito-i-Varzishgo-i-markazii-avon-dar-sha-ri-Konibodom-27.06.2018

КОНИБОДОМ. Шоми рӯзи 27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ Варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ”-и шаҳрро бо 10000 ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар чорабинии идона ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Маблағи харҷномавии умумии лоиҳа наздики 8 миллион сомонӣ буда, фармоишгари лоиҳаи мазкур Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад. Сохтмони иншоотро пудратчӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарора” — и шаҳри Конибодом ба уҳда дошт ва лоиҳа аз ҷониби Корхонаи Воҳиди Давлатии  “Лоиҳакаш”- и вилояти Суғд таҳия шудааст. Варзишгоҳ аз ду даромадгоҳ, толори қабули меҳмонон ва дигар утоқҳои махсус барои варзишгарон иборат буда, барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Бинобар муддати тулонӣ мавриди истифода қарор надоштани варзишгоҳи мазкур, нокифоя будани ҷойи нишаст дар варзишгоҳ, таъмирталаб будани инфрасохтори он, тайи солҳои охир дар варзишгоҳи номбурда ягон намуди чорабинӣ доир нагардида буд. Дар заминаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги умумимиллӣ 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи пешбурди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби оммавии аҳолӣ, алалхусус ҷавонон ба варзиш, азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти варзишӣ ва таҷлили  Рӯзи Ваҳдати миллии умумиҷумҳуриявӣ иншооти мазкур бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат азнавсозӣ гардид. Баъди ифтитоҳи Варзишгоҳи “Ҷавонӣ” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади бошукуҳи идона ба ифтихори таҷлили сазовори 21 — умин солгарди Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Пешвои миллат ҳамаи ҳозирин, тамоми мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ — яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ табрику таҳният гуфтанд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат оид ба оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, роҳи тайкардаи мардуми шарафманд ва сулҳхоҳи тоҷик баҳри ба ҳам омадану ба Ваҳдати комил расидан андешаронӣ карданд. Таъкид гардид,  ки танҳо баъди барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷомеъа мо имконият пайдо кардем, ки тарҳрезиву татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоиро бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат оғоз карда, чорабиниҳои муҳимми сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду демократӣ баргузор намоем. Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минбаъд аҳаммияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад”. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки моро зарур аст то ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем. Оид ба дастовардҳои шаҳри Конибодом давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сухан карда, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки айни ҳол мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020 дар қаламрави шаҳру деҳоти Конибодом татбиқи 50 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 780 миллион сомонӣ идома дорад. Бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ, ки то имрӯз дар шаҳри Конибодом яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тавассути таҷдиду азнавсозии шабакаи обрасонӣ ба масофаи дувоздаҳуним километр ва бунёди инфрасохтори зарурии захираву интиқоли оби босифати ошомиданӣ бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ ҳаллу фасл карда шуд. Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Конибодом минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, барои таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода низ намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон медиҳанд. Баъди суханронии Президенти мамлакат дар ҳузури шумораи зиёди сокинони шаҳр ва намояндагони аҳли зиёи мамлакат барномаи бошукуҳи консертӣ баргузор гардид,  ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комилу сартосарии кишвар буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>