“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

ШАҲРИСТОН. Иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муазами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2018-ро “Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  эълон намуданд тӯҳфаи хеле арзишмандест барои мардуми ҳунарманди тоҷик. Аз ин иқдоми хирадмандонаи Сарвари давлат бармеояд, ки мо тоҷикон ҳунарҳои мардумиамонро ҳифз кунему ривоҷ бахшем ва ба арсаи байналхалқи муаррифӣ карда тавонем. Ҳунарҳои мардумии мо тоҷикон зиёданд ва онро зинда бояд кард. Барои рушду нумӯи соҳаи сайёҳи  дар ноҳияи Шаҳристон потенсиали калон мавҷуд мебошад ,аз ҷумла қад-қади роҳи байналмилалии Душанбе-Чанок, ки 60 километраш аз қаламрави ноҳия мегузарад, бо ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ дар миёни табиати сарсабзу хуррам, чашмасорон ва анбӯҳи арчазорон мешавад, ки беҳтарин силсила истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии сайёҳиро бунёд намудааст. Дар  қаламрави ноҳия 10 маркази дӯзандагиву кулолгарӣ, адрасбофиву атласбофӣ, қолинбофиву шолчабофӣ, чӯбтарошиву зингарӣ амал менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>