«Ваҳдат-сарчашмаи сулҳу суботи кишвар»

ЗАФАРОБОД. Дар шаҳраки Меҳнатобод бо иштироки  вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакилони Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ва фаъолони ҷамоати шаҳрак Рӯзи ягонаи ахбор  дар мавзӯи «Ваҳдат сарчашмаи сулҳу суботи кишвар» бахшида ба 21 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро Раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод Шукурзода Зариф ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба фарорасиии рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд. Сипас муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Ашуров Рӯзибой доир ба асолат ва  манзалати ин ҷашни фархуна ибрози назар намуд. Қайд карда шуд, ки тайи даврони Истиқлолият тамоми пешравию комёбиҳои ба даст омада ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва эҳёи Тоҷикистон имконпазир шуд. Бо заҳмату талош ва ибтикороти беш аз панҷсолаи Сарвари ваҳдатофар, кашшофи сулҳ, асосгузори ана ҳамин Ваҳдати комил, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нури Ваҳдат бо ҷилои Истиқлол ҳамрадиф шуд. Иштирокчиёни мулоқот ба сухан баромада, андешаҳои худро доир ба мавзӯъ байн намуданд. Аз ҷумла зикр гардид …боиси сарфарозист, ки рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамчун ҷашни муқаддас хурду бузурги кишвар таҷлил менамоянд. Зеро иди Ваҳдат иди миллист. Месазад, ки бо шукргузорӣ арзандаю сазовор бо эҳсоси баланди худшиносию ваҳдатгароӣ, ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистони маҳбуб ин идро ҷашн гирем. Мулоқоти судманд бо рӯҳияи баланд ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>