Таъсиси ташкилоти ибтидоии «Бахт»

МАСТЧОҲ. Зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ маҳсуб меёбад. Дирӯз низ дар бахши САҲШ- и ноҳия ба муносибати таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷаласаи ҳизбӣ баргузор шуд. Нахуст мудири бахши мазкур С. Шарифова доир ба муҳтавои ҷаласа сухан гуфта, меҳмонон аз кумиҷроияи ноҳиявиро муаррифӣ намуд.  Сипас Д. Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба талаботи Оиннома ва самтҳои асосии Барномаи ин ҳизби созанда сухан гуфта, иброз дошт, мафи аъзои ҲХДТ дар бахши САҲШ-и ноҳия аз 5 нафар зиёд шуд ва зарурати таъсиси ташкилоти ибтидоӣ пеш омад. Бо пешниҳоди раиси кумиҷроия ташкилоти навтаъсис номи «Бахт»-ро гирифт ва бо пешниҳоду ҷонибдории аъзои ҳизб Мавҷуда Холиқова — яке аз кормандони соҳибтаҷрибаву фаъоли бахш раиси он интихоб шуд. Д. Зокиров ба раиси тозвинтихоб барору комёбиҳо таманно карда, изҳори итминон намуд, «Бахт» фаъолтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>