Дастоварди бузург

АШТ. Вобаста ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ рӯзи гузашта бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯрӣ бо бонувони ҳизбии ташкилоти ибтидоии шуъбаи маориф баргузор гардид.   Чорабиниро ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоӣ Бобоева Ш. ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ  дастоварди бузургест, ки миллати тоҷикро аз сарнагуншавӣ эмин нигаҳ дошт. Маҳз туфайли ин санади сарнавиштсоз имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳхоҳ бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътирф намудаанд.  Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Ҳоҷиматова Ш. зимни суханронӣ аз ҷумла баён дошт, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи воқеаҳои фараҳбашест, ки эҳсоси худшиносиву ватанпарастӣ, сулҳпарварӣ, меҳру муҳаббатро ба миллат бедор намуда, масъулиятро барои ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон бештар мегардонад. Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои  ҳар фарди бедордили миллат ҳамеша Паёми сулҳу оштӣ, ҳамдигарбахшӣ ва таҳаммули дӯстӣ боқӣ хоҳад монд.Дар мулоқот зиеда 30 нафар бонувони фаъоли ҳизбӣ иштирок доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>