Соати сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоӣ

АШТ. «Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистон!». Бо чунин мазмун рӯзи гузашта дар толори ҷамоати шаҳраки Шайдон бахшида ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ соати сиёсӣ баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия А.Ҷалилӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Б.Зиёӣ ширкат варзиданд. Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки Шайдон Рустамзода Н. оғоз намуда, баён дошт, ки он рӯзҳо парокандагии миллӣ, ҷудогӣ ба маҳалу гурӯҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азиме буд. Маҳз туфайли ҷавонмардии абармарди таърих Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ин санади муҳим баста шуд. Сипас дар назди ҳозирин омӯзгори фанни таърих Э.Қурбонов бобати аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд. Зимни баромади хеш муовини раиси ноҳия А.Ҷалилӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Б.Зиёӣ ҳозиринро ба ин муносибат муборакбод намуда, қайд карданд, ки моён дар арафаи ҷашнгирии 21-умин солгарди баста гардидидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор дорем, ки он ба осонӣ ба даст наомадааст. Сипас нисбати он рӯзҳои мудҳиши мамлакат, ба ҳам омадани ду тарафи муқобил, ба даст овардани сулҳи тоҷикон ва эҳтиёти ин муқаддасоти миллӣ ҳарф заданд. Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар иштирок намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>