Ваҳдати миллӣ – бузургтарин дастоварди мост

ХУҶАНД. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд» бахшида ба Рӯзи Вахдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд. Маҷлисро ҷонишини сардухтур Ф.Икромов ифтитоҳ бахшида, ҳамаи кормандони беморхонаро ба муносибати фарорасии иди Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд.  Сипас, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Нуриддин Ашуров баромад намуда, баён дошт, ки арзишмандтарин дастоварде, ки таи солҳои Истиқлолият аҳли кишвар ба он соҳиб шуд — расидан ба Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ аст ва мардум ин санаи таърихиро бо башорати некаш гиромӣ медоранд. Ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои халқи азизи кишвар рӯзи саид, фирӯз, ваҳдат, нусрат, неку таърихӣ маҳсуб мегардад. Ваҳдате, ки тавассути кӯшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, пеши роҳи нобудии миллати моро гирифт, исбот намуд, ки мардуми соҳибназари кишвар ба ҳалли душвортарин мушкилаҳо қодир мебошанд ва моҳияти падидаҳои замонро сари вақт ва ба хубӣ мефаҳманд. Маҳз пойдории ягонагӣ ва сулҳу ваҳдат аст, ки ҷомеа давра ба давра пеш меравад, дар Тоҷикистон барномаи азими азнавсозиҳо амалӣ мегарданд.  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Маҳз бо таҳкими сулҳу субот, ваҳдат дар сарзамини офтобии мо пойдор гашт, обрӯ ва эътибори миллати тоҷику давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро дубора баланд бардошт. Ин санади таърихӣ қутбнамои роҳи сулҳу ваҳдат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки барои наслҳои оянда ба ҳайси чароғи раҳнамо хизмат мекунад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>