Ҷавҳари дини мубини ислом ваҳдату ҳамдилист

grafo-historica-300x199

АНДЕША. Сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ, ҳамдиливу иттифоқ ва осудагиву амният барои ҳар як қавму миллат ва бани башар беҳтарин неъмат маҳсуб меёбад. Маҳз дар фазои танинандозии ваҳдати ҷовидонӣ кишварҳо рӯ ба инкишоф мениҳанду тараққӣ мекунанд ва мардум дар фазои сулҳу субот ба ҳам дӯсту бародарвор умр ба сар мебаранд. Суннат ва арзишҳои ахлоқиву маънавию динии мардумони оламро ваҳдату якдигарфаҳмӣ ташкил дода, инсонҳо дар доираи ин арзишҳо бо ҳусни тафоҳум зиндагӣ мекунанд. Мусаллам аст, ки ҷавҳар ва меҳвари аслии дини мубини ислом низ ҳамзистиву тарғиби ваҳдату иттиҳод ва шукргузорӣ ба оромиву амният ва суботи саросарӣ маҳсуб меёбад. Чунончӣ Худованд дар сураи Наҳл оид ба аҳволи мардуми Макка мефармояд «Ва Худо масали деҳаро баён кард, ки эмину орамида буд, рӯзии он ба кушодагӣ аз ҳар ҷое меомад; пас бар неъматҳои Худо носипосӣ карданд. Пас Худо ба сабаби он чӣ мекарданд, гуруснагию тарси фарогирро ба онҳо чашонид». Яъне мурод аз пеш овардани ояти муборак он аст, ки чун мардуми Макка дар оромиву иттиҳод ва фаровонии рӯзии бемашаққат қарор доштанд, носипосӣ ва куфрони ин ду неъматро карданд, билохир Худованд барояшон ноамниву нодорӣ овард. Ношукрӣ ба рӯзии додаи Худованд – яъне оромиву ваҳдату иттиҳод онҳоро ба рӯзҳои сахту сангин рӯ ба рӯ кард. Чун сухан оид ба гиромидошт ва ҳифзи ваҳдату иттиҳоду сарҷамъӣ меравад, рӯзҳои мудҳишу ваҳшонияти ба сари миллати мо омадаи замони ҷанги шаҳрвандиро ба ёд наовардан ғайриимкон аст. Хурду калон тамоми мардуми кишвар огаҳ ҳастем, ки ҳангоми нав ба арсаи соҳибистиқлолӣ расидани кишвари мо, бо маблағгузории хоҷагони хориҷӣ ва ҳамовозиву ҳаммаромии бархе аз хоинони миллат, ки барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаашон ниқоби дин ба бар карда буданду барои дар мамлакат ҷорӣ намудани мазҳаби бегона кӯшиш намуда истода буданд ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ шуруъ шуд. Маҳз сӯйистифода аз номи дини мубини ислом, сӯйистифода аз фазои холии динии мафкураи мардум ва сӯйистифода аз вазъи зиндагии номуътадили сокинон, бахусус ҷавонон, аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом гумроҳкунии мардумро пеша карда, баҳри расидан ба татбиқи амалҳои зишташон кӯшиш намуданд. Чун инҷо оид ба сӯйистифода аз фазои холии динии мафкураи мардум дар замони тозаистиқлолӣ сухан рафт бояд таъкид намоям, ки он замон дастрасии мардум ба адабиёти диние, ки бо забони тоҷикӣ тарҷума шуда бошад ба назар намерасид ва мардум ҷавҳари дини мубини исломро озодона дарк карда наметавонистанд. Аз ин рӯ, бархе аз шахсиятҳои руҳонинамо дар доираи ҳизби наҳзати ислом муттаҳид гардида, динро аз нигоҳи ақлу идрок ва манфиатҳои шахсии хеш ба мардум бо роҳҳои гуногун таҳмил намуданд. Шарҳи нодуруст ва ғаразноки арзишҳои дини мубини ислом ва ба роҳ мондани тиҷорати имон боис гардид, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга гирад. Яъне ношукриву носипосӣ ба беҳтарин неъмати илоҳӣ сулҳу амният аз ҷониби аъзои ҳизби наҳзати ислом боиси сарсониву саргардонии мардум ва қатлу хунрезиҳо дар кишвар гардид. Он замон наҳзатиҳо хилофи фармудаҳои Худову Расул амал намуда, зулму истибдод ва ноадолатиҳоро бар сари мардуми кишвар раво донистанд. Дар ин маврид Худованд фармудааст: «Эй бандагонам ҳамоно ман зулмро бар худ ҳаром кардаам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед». Агар ба амалҳои хиёнаткоронаи аъзои ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом назар афканем, кулли амалҳои онҳо хилофи фармудаҳои Худову Расули акрам (с) сурат мегирифт ва тоҳ ин аъмол идома дорад. Хушбахтона дар минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷлосияи тақдирсоз ном бурда мешавад, ба бахти миллати тоҷик фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи саҳнаи сиёсат қадамҳои устувор гузошта, зимоми давлатдории навини миллиамонро ба даст гирифта, роҳи ояндаи равшани кишварро муайян намуданд. Маҳз нақшаву ниятҳои дурнигаронаву созанда ва дар меҳвари сиёсати давлатии кишвар қарор додани муҳимияти сулҳу субот аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқ дар атрофи Сарвари маҳбубу ғамхори худ чун фарзандони як оилаи тифоқ муттаҳид гардида, баҳри таҳкими оромиву амният ва ваҳдати ҷовидонии миллат саҳмгузорӣ намуданд. Ниҳоят бо баргузории гуфтушунид ва музокироти зиёде, ки бо талошу кӯшишҳои Пешвои миллат бо мухолифин сурат гирифт, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади муҳим шуълаи ваҳдати миллиро дар Тоҷикистони азиз барафрӯхт ва умеди мардуми саодатманди мо ба ояндаи дурахшон ҷилвагар гардид. Маҳз самараи ваҳдати миллӣ буд, ки мо дар тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои дурнамои давлатдории навини миллӣ кӯшишҳои пайгирона ва азму иродаи халқамон бо ҳидоятномаҳои Пешвои муаззами миллат равона гардида истодааст. Танинандозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони маҳбуб аст, ки баҳри шинохти ҷавҳарии аслии дини мубини ислом ба сифати дини таҳаммулпазир ва дини ҳидоятгари ҷомеа ба сӯи созандагиву накӯкорӣ, ваҳдату иттифоқ ва ҳамзистии бани башар ва поку беолоиза нигоҳ доштани он аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир иқдомоти судманди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Натиҷаи ваҳдату оромист, ки хушбахтона ба ҳадафҳои стратегии кишвар – раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ бо бунёди нақбҳо ва таъмиру азнавсозии роҳҳо, бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ ва бунёди ҳазорон боғу токзори нав марҳила ба марҳила ноил гардида истодаем. Бо назар кардан ба ин пешрафту шукуфоӣ ва фароҳам будани фазои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз бояд ба қадри ин тинҷиву оромӣ ва озодӣ бирасем. Зеро ин тинҷиву оромӣ ва ваҳдати миллист, ки мо озодонаву дилпурона ва хушбахтона кору фаъолият менамоем. Ва бесабаб нест, ки Паёмбари акрам Муҳаммад (с) фармудаанд: «Ҳеҷ хурсандӣ бидуни амният ба даст намеояд». Чун имрӯзҳо бо паси сар шудани моҳи шарифи Рамазон ҳузури мубораки Рӯзи ваҳдати миллӣ фаро расида истодааст, бояд мо ба қадри арзиши ваҳдат ва сулҳу субот бирасем. Расидан ба сулҳу ваҳдат ва таъмини рӯзгори босаодати мардуми кишвар, ки бо кӯшишҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати оқилонаи Пешвои муззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми шарифи кишвар ба даст омадааст, барои мо мардуми Тоҷикистон ҳадяи безаволи Яздонист. Мо бояд нагузорем, ки ҳаргуна нерӯҳои аҳриманӣ садди роҳи рушди давлатдории навини миллиамон гардида, мафкураи ҷавонони моро вайрон намоянд.             Чун шоми 18 июни соли равон тариқи телевизиони «Тоҷикистон» филми «Решаҳои ноаён»-ро тамошо кардаву бори дигар аз паҳлӯҳои норавшани фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом огаҳӣ пайдо намудам. Тавре аз навор бори дигар аз забони аъзои фаъоли ин ташкилоти террористӣ собит гардид дар воқеъ ин ташкилоти тахрибкор дар замони расидан ба сулҳу ваҳдат ва таъмини оромиву осудагии Ватан шукронаи тинҷиву осоиштагиро накарда, боз ҳам нақшаи хиёнаткоронаи хешро баҳри сарнагун намудани сохти конститутсионии кишвар тарҳрезӣ намуда будаанд. Сӯйистифодаи дини мубини ислом бо мақсади расидан ба ин ғаразҳо, ки бо роҳнамоии хоҷагони хориҷии наҳзат ва амалкарди онҳ сурат мегирифту то ҳол идома дорад ва ин раванд бори дигар зимни мусоҳибаи аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат Қиёмиддини Ғозӣ ошкортар гардид моро водор месозад, ки баҳри пешгирии гумроҳкунии мардум аз ҷониби ин нохалафон кӯшиш ба харҷ дода, беш аз пеш рисолати хешро дар самти тарғибу ташвиқи шинохти ҷавҳари аслии дини мубини ислом ба мардум ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ ба ҷо орем. Зеро ба ибораи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».

            Қозиев Маҳмадюсуф,

            имомхатиби масҷиди ҷомеи

ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>