Зери ниқоб боз чиҳо дорӣ ХНИ ???

андеша

АНДЕША. Имрӯз дар ҷомеаи муосир алалхусус дар мамлакатҳои мусалмоннишин ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое ба миён омада фаъолият карда истодаанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагӣ  дар натиҷа сар задани ихтилофоти ҳизбию мазҳабӣ гардиданд. Ҳамзамон бемории ихтилоф ва тафриқа ҷомеаи мусулмононро фаро гирифта, маншаи он бо номи ислом оғоз мегардаду мусулмононро ба ҳамдигар ҷанг меандозад. Бо гумроҳ сохтани оммаи мусалмон ва хусусан насли ҷавон аз ақидаи гуногун истифода менамоянд. Бахусус таълимоти ҳақиқии исломро не балки бараксро барои мухолифат бо мусулмононро таълим медиҳанд.  Дини мубини Исломро ниқоб сохта барои барангехтани адовати динию мазҳабӣ истифода намуда муносибати мардумро бад, дар дилҳо тухми кинаву адоват, сабаби надонистани ҳақиқат нисбат ба давлату ватани худ ғараз пайдо сохта, хостори гумроҳии мардуми камсавод гардида истодааст.  Чунин як ҳизб дар Тоҷикистон бо номи наҳзат дар асри гузашта хуруҷ карда, худро “адолатхоҳ” ва “ҳақиқатҷӯ” меномид. Таълимоти онҳо бо исломи ноби Муҳаммадӣ, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маншаъ мегирифт, созгор набуд. Чунин ақидаҳо дар дили ҷавонони мо шакку шубҳа эҷод намуда, ба ин васила итминон ва бовариашонро нисбат ба ин гуна ашхоси ихтилофангез дур сохта, ба эътироз водор намуд. Дар ҳақиқат эътирози ҷавонон дар назди сафоратхонаи Эрон эътирози саривақтӣ буда, қобили дастгирӣ ва ба манфиати мардуми шарифи тоҷик ва тоҷикистониён мебошад. Чун имрӯзҳо намояндагони ТЭТ ҲНИТ қиёфаи аслии хешро дар рафтору амалҳояшон нишон дода истодаанд, ки онҳо танҳо нияти нопок доранд. Аз филми Эшони Киёмиддин бори дигар аз рафтори хоинонаи ҳизби мазкур воқиф гаштанд.  Оё ягон мусулмон дунё бовар мекунад, ки мо тоҷикон монанди ташкилоти экстремистию терррористии ҲНИТ мухолифи дину мазҳаби хеш бошем? Ҳамин буд, ки имрӯз баъзе ҷавонони фиребхӯрда ва дунболарави ҳизби террористии ҲНИТ дар баробари бародарони исломии худ бисёр беадаб ва машғули ихтилофу кинаандӯзӣ мебошанд. ТЭТ ҲНИТ ва амалкардҳои эшон боиси эҷоди ихтилоф ва омилҳое мебошанд, ки сабаби ба гурӯҳҳо ҷудо шудани мусулмонон ва дар ин замина сар задани муноқишаҳои дохилӣ гардида буд.  Мисоли ин парокандагӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ, дар ниқоби ислом рехтани хуни ҳазорон мусулмони бегуноҳ, вайронӣ ва фасоди давлат дар якчанд кишварҳои исломӣ шуда метавонад. Чун Ироқу Афғонистон, Яману Суриё мебошад, ки мардуми бегуҳ дар азоб аст. Бояд мардуми тоҷик низ рӯзҳои мудҳиши гузаштаро фаромуш насохта, шукронаи тинҷию оромӣ ва сулҳу суббот намояд. Дар пешрафту тараққиёти мамлакати ҳамагон бояд саҳмгузорӣ намоем. Зеро қатраҳо ҷамъ гарданд ба дарё мубаддал мешаванд. Маҳз ворид шудани ақидаҳои фосиду бегона сабаби асосии низоъҳои мазҳабӣ ва динӣ гардида истодаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар кас бояд ба ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода буда, нангу номуси ватандорӣ дошта бошад. Чанд сол пеш пайравони ҳизби террористии ҲНИТ, ки аз асли дин огоҳ набуданд, ба гуфтаҳои пешвоёни худ кӯр-кӯрона тақлид намуда, дар масҷиду маҳфилҳо худро аз ҷомеа ҷудо карда, миёни мардуми мусулмони тоҷик ихтилоф эҷод намуданд. Гуфтаҳои хоҷагони худро амалӣ намуданд. Маблағҳои муфти хоҷагонро гирифта барои нооромии ватани хеш сарфа намуданд. Дар натиҷа кор то ҷое расид, ки мардум якдигарро дашному таҳқир медоданд. Воқеан, дар ҷое, ки чунин ашхоси муғризу фитнаангез вуҷуд дорад, фазои кинаву кудурат ва якдигарбадбинӣ, хушунат, кибр, ғурур мавҷуд аст. Шахси мусулмон он ҷо ҳаловати зиндагиву диндориро эҳсос намекунад, чунки он ҷо мухолифат асту бадбинӣ. Чун имрӯз Кабирӣ, ва дигар ҳамаслаконаш дар васоити ахбори оммаи гуногуни хусусияти террористи дошта поягузори чунин амалҳои муғризона ҳастанд. Хулоса имрӯз барои ҷомеаи шаҳрвандии мо хусусан ҷавонон зарур аст, ки фазилати сулҳ ва меваи ваҳдатро дарк намуда, аз ҳар гуна ошубу фирефтагариҳое, ки аз ҷониби баъзе хоҷагони хориҷӣ барои вайрон кардани афкору андешаҳои ҷавонон тарроҳӣ карда мешавад, ҷилавгирӣ намоянд. Зеро пайравӣ кардан аз ҳар гуна равияҳову ҷараёнҳои тунгарои беаслу асос ин боиси нооромии кишвару ҷомеа гардида, сабаби нооромӣ дар ҳар як хонадони мардуми тоҷик мебошад. Гузаштагони мо фарҳанги волои миллати тоҷикро то имрӯз ҳифз ва ба ҷаҳониён нишон дода омаданд. Ҳамзамон мо насли ҷавон вазифадорем, дар ҳифзи фарҳангу тамаддун, Ваҳдату Истиқлолият ҷонфидо бошем ва ба наслҳои ояндаи хеш боқӣ гузорем.

Лоиқ Тӯчиев ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>