Нафрат даҳчанд гардид

Ruchka

АНДЕША. Пас аз намоиши филми ҳуҷҷатии «Решаҳои ноаён» тариқи шабакаи аввали Телевизони Точикистон нафратам боз нисбати Нурию Кабирӣ, Ҳиматзодаю Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайид Қиёмиддинҳо боз ҳам дучанд гардид. Наход инсон, чунин бандаи мусулмон барои нафсаш шуда хоинӣ намояд, ба ҷони ҳазор бегуноҳон зомин шавад. Лаънати Худо бод ба чунин хоинони Ватан!  Аз сурату сират, афту андоми хунолуди шумо баринҳо садҳо безорем. Шармандаи ин дунёву охиратед. Бароятон тарки дунё намудан афзалтар аст, зеро хоини ватан ҳастед!…. Ватане, ки шуморо хӯронду пушонид  ва таълим дод, ба намакдонаш туф кардед, магар мусулмонед?!. Хоҷагони эрониатон магар тарс  аз Худо надоранд, ки нисбати мусулмонон ҳисси бадбинӣ доранд? Барои онҳо низ нисбати амали ноҷавонмарданаашон Худованд ҷазояшонро медиҳад. Ин гуна хоинон, ифротҷуён ва террористу террористмиҷозон ҳастанд ва мемонанд, чунки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат аъзои ҲНИ буданд. Қасам хурда аъзогии ин ҳизбро ба уҳда доштанд ва дар ҳар макони сиёхдилон маскан гирифтаанд.  Ин ҷо суоле ба миён меояд. Моён, равшанфикронро чӣ бояд кард? Биёед аввал дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти баланди имониву инсонӣ ва виҷдонӣ дошта бошем.

- дар касбомӯзӣ ва дорои маълумотнок шудани онҳо ҷидду ҷаҳд намоем;

-  барои ба муҳоҷират гусел кардани фарзандон шитоб накунем. Пулаш, ки азиз шуд, ҷонашро азизтар донем;

- ҳамсафари ӯро, ҷои рафти ӯро, ҳуҷҷатҳои заруриашро омода намоем. Дар курсҳои омӯзишӣ муҳоҷират иштирок намоем;

- дӯстдории Ватан, оила, додару хоҳарон, хешу таборон, ҳаққи ҳамсоягонро омӯзонем, зеро маънои зиндагӣ ин дӯстдории ватану инсонҳост.

- пуштибони фарзандон бошем, аз худ дур накунем ва нагурезонем. Ба худ бо маънои томаш уро вобаста  намоем, ҳамчун азизтарин инсон  қабул намояд.

- аз заруриёти дини пок натарсонда сухан ронем. Фарзандонро аз дин натарсонем, омӯзонем. Зеро маънои зиндагӣ, шариат ва дӯстдориро қуръон хуб гуфтааст. Аз қиёмат натарсонида зиндагии зебо бурданро ёд диҳем зеро зиндагии нозеб ин худ Дузах аст. Агар дар ин дунё чи қадар ҳалолкору ростқавл ва бо меҳру муҳаббат зиндагӣ кунем охиратамон хамон хел анҷом хоҳад ёфт. Мурдан ҳақ, лек ҳалолу пок мурдан низ аз нишони мардонагист! Бо сари баланд рафтан, мероси хуб барои насли оянда мондан ин худ амали инсони комил аст. Дар хабар аст: рӯзи қиёмат мунодӣ нидо кунад, ки Фиръавнро биёред. Фариштагон Фиръавнро биёранд, ки бар сари он кулоҳ аз оташ ва либос аз қатрон, бар хук савора. Баъд аз он мунодӣ нидо кунад, ки куҷост зулмкардагон ва муттакабирон ва ҷабркунандагон, ки пешвои онҳо Фиръавн аст? Пас ҳаммаро ҷамъ карда, ҳамроҳи Фиръавн ба Дӯзах андозанд. Дар қатори онҳо албатта Нурию Кабирӣ, Ҳимматзодаву Ҳайит, Сайид Қиёмиддину Мирзошарифхо ҳастанд. Зеро онҳо ба ҷони ҳазорҳо мардуми бегуноҳ зомин шудаанд. Ҳоло ҳам модарон гирён аз онанд, ки фарзандонашон беному нишон, гурезаву раҳгумзадаанд ва дар мулкҳои ғарбӣ овораву саргардонанд. Бо амалу корбарии хоинони Ватан онҳо низ номи хоиниро мебардоранд.

                                                                                              Ҳоҷӣ Саид

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>