Ваҳдат точи сари давлат

desktopwallpapers.org.ua_11822

АНДЕША. 27 июни соли 1997 чун рӯзи мубораку муқаддас то абад дар авроқи дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва тоҷикони дунё бо хатҳои зарҳалӣ сабт хоҳад буд. Он рӯз хуршеди оламоро сарзамини тоҷиконро ғарқи нуру зиё карда буду аз равзани кошонаи онон нури офтоби зарринтоб медурахшид. Чашму гӯши ҳама ба садову симо буд. Ҳама умедвори шунидани иттилои хушу дилнавоз буданд. Аз хабару гузоришҳо маълум гардид, ки дар Маскав Сулҳномаи тоҷикон ба имзо расидааст. Тамоми тоҷикон шодию хурсандӣ мекарданд, одамон оғӯши меҳр кушода, ин рӯзи некро ба якдигар муборакбод мегуфтанд ва чаро шодӣ накунанд? Охир, оқибат ақлу хиради тоҷик ғолиб омад ва оташи ҷангу низоъ хомӯш гашт! Рӯзи аз шаҳри Москва бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баргаштани ҳайати расмии Ҳукумат шаҳри Душанбе тӯй дошт. Аз саҳар фурудгоҳи тайёраҳо моломоли одамон буд, ҳама аз таҳти дил шодию нишот доштанд. Табиат низ шарики ин тантанаҳо буд, ки ҳаво торафт мӯътадил гашт. Дар ҳаво ягон — ягон паррандагон парвозкунон муҷдаи сулҳро ба ҳар дараи кӯҳ ва ба рустаниҳои талу теппаҳо паҳн кардан мехостанд, магар ки хониши онҳо мисли суруди Ваҳдат ба атроф танинандоз буд. Ҳангоме, ки тайёра омодаи фуруд шуд, нишемангоҳ ғарқи гулдаста гашт. Чеҳраи шукуфони фарзанди фарзонаи миллат  поягузори сулҳи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар миёни гулу гулдастаҳо медурахшид ва  ӯ бо нигоҳу ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба истиқболи мардум омад. Рӯзи дигар — 28 июн дар телевизиони Тоҷикистон сабқати телевизионӣ барпо шуд, ки он аз соати 6-и субҳ то бисту чаҳори шаб идома ёфт. Нағз дар ёдҳо ҳаст, ки аз дами субҳ пиру барно бо хоҳиши худ ба идораи телевизион меомаданд. Зеро Сулҳномаи тоҷикон, расидан ба Ваҳдати миллӣ умеду боварии мардумро ба ояндаю пирӯзиҳо қавӣ гардонид. Ҳамин тавр, 27 июни соли 1997 барои тоҷикон рӯзи муқаддас хоҳад монд. Шукӯҳу ҷалол ва аҳамияти он санаи табаррук ба 9 сентябри соли 1991, ки Тоҷикистон ба истиқлолият расид, 6 ноябри соли 1994, ки Конститутсияи Тоҷикистон қабул шудааст, баробар аст. Созишномаи истиқрори сулҳи байни тоҷикон, ки дар ин рӯзи муқаддас ба имзо расид, миллати тоҷикро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун кашида, сарзамини Тоҷикистонро аз парокандагӣ наҷот дод. Ҳамин тавр Асосгузори сулху ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, дар ҳалли мушкилоти дохилӣ, бозгашти фирориён намунаи баланди ҷасорату фидокорӣ нишон диҳанд. То имруз  суханони тасаллобахшу пурҳарорати Сарвари давлат аҳамияти худро гум накардааст: «То он даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан бознагардонам, ман осуда буда наметавонам». Ҷараёни бозгашти фирориёни иҷборӣ дар як муддати муайян ба вуқӯъ пайваста, мардуми бозгашта бо замин таъмин гашта, барои онҳо ҷои кору шароити лозима муҳайё карда шуд. Таҷрибаи бозгашти фирориён ба Ватан дар таърихи давлатдории тоҷикон, воқеан, беназир ба шумор рафта, барои халқҳои дигар низ намунаи омӯзиш ва пайравӣ гашт, ки ин аз талошҳои пайваста ва худафрӯзиҳои Пешвои миллат башорат медиҳад. Сулҳу ваҳдат, ба Ватан пурра баргардонидани фирориён маҳз тариқи гуфтушунид ва бахшидани гуноҳҳои якдигар ҳал гардид. Воситаҳои ахбори омма ҳанӯз ҳам хотиррасон мекунанд, ки барои то ба сулҳи деринтизор расидан 21 маротиба тариқи расмӣ мулоқот баргузор шуда, тӯли беш аз се моҳ гуфтушунидҳо идома ёфтанд, ки Пешвои миллат бевосита ширкат доштанд.    Мардуми тоҷик то имрӯз аз сафару боздидҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шароити душвору ҷангии Афғонистон ёдовар мешаванд. Халқ ба ҷасорату фидокории Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини фаъолият то ба имрӯз аҳсану офарин мехонад. Охир маҳз Президенти Тоҷикистони навэҳё ҳаёти худро зери хавфу хатар гузошта, дар ҳассостарин лаҳзаҳои тақдирсози гуфтушунидҳо ширкат намудаанд. Магар метавон сафари Эмомалӣ Раҳмонро моҳи декабри соли 1996 ба давлати Афғонистон фаромӯш кард?! Мулоқоти Сарвари давлат дар Хосдеҳ бо иштироки мухолифин ва профессор Бурҳониддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд ба таври абадӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон сабт хоҳад монд. Маҳз ҳамон ҷо суханони боварибахши Ҷаноби Олӣ баланд садо доданд: «Мо як мақсад дорем: дар Тоҷикистон барқарор кардани сулҳ ва салоҳ. Ман ҷони ҷавонамро ба гарав мемонаму аз ин роҳ барнамегардам». Имрӯзҳо бо талошҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати кӯҳанбунёди тоҷик ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ расидааст ва ба ифтихори ин ҷашни бузург корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар тамоми шахру дехоти мамлакат  идома доранд.  Оре, дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ пайваста аз хизматҳои арзишманди Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими сулҳ ва таъмини ваҳдати халқ ҳарф мезанем. Зеро маҳз Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдорӣ чун Сарвари сулҳовару ваҳдатшиор шинохта шуданд.  Бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати ҷаҳонӣ низ қадамҳои устувор мегузорад ва нақши он дар ҳалли як қатор проблемаҳои ҷаҳонӣ хеле равшану возеҳ ба чашм мерасад. Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи ваҳдати миллиро чун ҷашни арзандаи умумихалқӣ арзёбӣ карда навиштаанд:     «Таърих ибратомӯз аст ва Рӯзи Ваҳдат ба мо ҳушдор медиҳад, ки аз хатоҳои гузашта хулоса барорем, имрӯз бо азми бунёдкорию созандагӣ пойдевори зиндагии фардоро гузорем ва ба қадри давлату давлатдории миллии худ бирасем ва ба наслҳои оянда кишвари обод, тараққикарда ва хуррамро ба мерос монем».  Ҳамин тавр, сулҳномаи тоҷиконро метавон як зуҳуроти ақлу заковати миллати кӯҳани тоҷик номид. Имсол тантанахои чашни ба хотири тачлили 21-умин солгарди Рузи Вахдати милли дар Канди бостон шахри Конибодом бо иштироки Асосгузори сулху вахдати милли- Пешвои миллат, Президенти Чучхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон баргузор мегардад. Хабари ташрифи Сарвари давлат заминае барои боз хам ободтару зеботар гардидани ин шахри куханбунёду хамешачавон ва боиси шодмонии пиру барно гардидааст. Сокинони мехмоннавоз ва сарбаланди Конибодом ташрифи мехмононро аз тамоми гушаву канори кишвар бо чашмони пурмехр интизор хастанд. Имруз мо занони Конибодом хамчун занони бонангу номус ва баори миллат бо сулху вахдати кишвари азизамон Точикистон меболем ва бо ифтихор даст ба дуо мебардорем: Илохо ба Точикистонамон чашм нарасад! Пояи сулху осоиштаги дар ин сарзамини хамешабахорамон ба хадди бузург мустахкам гардид, зеро онро фарзанди бузурги миллати точик  устувори бахшид ва хамеша такягох аст. Худо нигахбонаш бод!

Мардуми точикзабонро дахр бишносад кунун,
3-он ки бошанд хар нафас Вахдатгарои манзилам.
Толиби сулханд, доим мардуми точикзабон,
Такя бар онхо намояд қавми сохибманзилам!

 

            Хамида Юсуфова

         Мутахассиси омори  КИ  ХХДТ

         шахри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>