Дур аз марзи Ватан умр чӣ сон мегузарад?

pero

АНДЕША. Ман аз он шодам, ки дар қатори намояндагони ҷомеаи кишвар дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баргузор гардида буд, иштирок доштам. Дар мулоқот Сарвари давлат оид ба як қатор масъалаҳои мубрами руз, аз ҷумла тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ гуфта гузаштанд. Зеро ҷавонон ояндаи миллатанду давлатанд. Ҷавонони солимақл бояд ифтихор аз хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа кунанд.  Ҷавонони ифротгаро ва тундрав бошанд, доғи диди падару модар, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт. Ҷавонони ифротгаро ғофил аз худшиносии миллӣ ва мазҳабӣ буда, шинохти хотираи таърихӣ надоранд, манфиатҳои миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси инсонигарӣ эҳсос намекунанд ва намепазиранд. Мутаасифона, зуҳуроти басо ташвишовар ва номатлубе, ки имрӯз ҷавонони гумроҳро сӯи торикӣ мебаранд, ин равияҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта мебошанд. Ин ҷавонон тоифае аз раҳгумзадагоне мебошанд, ки барои дастуру фармонҳои хоҷагони манфиатҷӯй ва худбин ҷони худро қурбон месозанд. Дар асл аксар ҷавононе, ки дар минтақаҳои ноороми кишвари хориҷ меҷанганд, маълумоти казоӣ ва саводи дурусти дунявӣ ва ҳам динӣ надоранд. Таърихи тамаддуни башарӣ шаҳодат медиҳад, ки худшиносӣ ва ифтихори миллат пойдевор ва бақои миллат аст. Аз ин лиҳоз, ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият, дастоварду комёбиҳои беназири кишвари мо,ки маҳз бо кӯшишу талошҳои Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 26 сол ба амал омадааст, қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини ин замини биҳиштосо меҳисобам. Бояд дарк кард ҳаёт беҳтарин неъматест, ки Офаридгор онро ба инсонҳо ато намудааст. Дар халқаи дӯстону пайвандон зистан, бо ҳасоягону мардум муносибати хуб доштан ва аз ҳар як лаҳзаи зиндагӣ самаранок истифода бурдан, корҳои хайру некро анҷом додан, ин аст маънии зиндагии шахсони боақлу ботадбир. Ба ин маънӣ соҳибсухане фармуда:

Дур аз марзи Ватан умр чӣ сон мегузарад?

Ба ғаму ғуссаву фарёду фиғон мегузарад.

                     Мирзозафар Шарифов, Спитамен

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>