«Решаҳои ноаён» — Сӯйистифодаи дини мубини ислом бо мақсади амалии нақшаҳои хиёнаткорона

андеша 2

АНДЕША. Чун шоми 18 июни соли равон тариқи телевизиони «Тоҷикистон» филми «Решаҳои ноаён»-ро тамошо кардаву бори дигар аз паҳлӯҳои норавшани фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом огаҳӣ пайдо намудам. Тавре аз навор бори дигар аз забони аъзои фаъоли ин ташкилоти террористӣ собит гардид дар воқеъ ин ташкилоти тахрибкор дар замони расидан ба сулҳу ваҳдат ва таъмини оромиву осудагии Ватан шукронаи тинҷиву осоиштагиро накарда, боз ҳам нақшаи хиёнаткоронаи хешро баҳри сарнагун намудани сохти конститутсионии кишвар тарҳрезӣ намуда будаанд.  Сӯйистифодаи дини мубини ислом бо мақсади расидан ба ин ғаразҳо, ки бо роҳнамоии хоҷагони хориҷии наҳзат ва амалкарди онҳо сурат мегирифту то ҳол идома дорад ва ин раванд бори дигар зимни мусоҳибаи аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат Қиёмиддини Ғозӣ ошкортар гардид моро водор месозад, ки баҳри пешгирии гумроҳкунии мардум аз ҷониби ин нохалафон кӯшиш ба харҷ дода, беш аз пеш рисолати хешро дар самти тарғибу ташвиқи шинохти ҷавҳари аслии дини мубини ислом ба мардум ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ ба ҷо орем. Зеро ба ибораи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои ислом истифода намоем».

            Қозиев Маҳмадюсуф

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>