Ваҳдат ҷавҳари ҳастии давлат

ИСФАРА. Дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ба истиқболи 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар (аз 12.05.2018) мизи мудаввар дар мавзӯи “Ваҳдат ҷавҳари ҳастии давлат“ бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.  Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара О.Аҳмадов, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Исфара М.Алиматова, мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ф. Тоҷибоева, муовини директор оид ба тарбияи филиали Донишишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара М. Ҷавҳарова ва донишҷӯйи донишгоҳи мазкур З. Пӯлодова дар бораи расидан ба ваҳдати кулл, сарчашмаи давлату давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа, ғояи давлати миллӣ изҳори андеша карданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки расидан ба сулҳу ваҳдат, нигоҳ доштани соҳибистиқлолӣ, бунёди давлати миллӣ баъди ҳазор соли бедавлатӣ вазифаҳои басо душвору сангинро пеш гузошта буд. Барқарорсозии иқтисодиёти фалаҷгардида, бунёди шакли идораи давлат, таъмини амнияти тамомияти ҳудуди кишвар. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ, таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳалкунанда буд ва имрӯз ин сиёсати баҳамоии мардум чун қутбнамои фаъолияти ҳамагон эътироф ва эътибор пайдо кардааст. Бунёдкориҳои бузурге, ки дар Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти миллӣ сурат мегиранд, намунаи камназири дар ҳаёт ҷорӣ гардидани ғояҳои ваҳдати миллӣ мебошанд. Расидан ба Ваҳдати миллӣ назари мардуми оламро ба халқи тоҷик дигаргун сохт ва боиси ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ гардид. Агар ҳамдастии сокинони Тоҷикистон, кафолати ҳамкориҳои байналхалқӣ намебуд, давлатҳои ба мо дӯсти хориҷӣ чун Русия, Чин ба амалигардонии лоиҳаҳои бузург дар кишвари мо даст намезананд. Роҳҳо чун рагҳои хунгарданд ва яке аз амалҳои шоистаи ба ваҳдат мусоидат намуда сохтмони роҳҳои азим ва тӯлонӣ, чун камарбанди заррин тамоми манотиқи Тоҷикистонро ба ҳам пайваста, “Шоҳроҳи ваҳдат” ном гирифт. Сулҳ ба кишвари мо имконият дод, ки дар арсаи ҷаҳонӣ эътибору нуфузи бештар пайдо намояд, ҳамчун давлати сулҳхоҳу ваҳдатофарин эътироф гардад. Саҳми Тоҷикистон дар ҳаллу баррасии муаммоҳои глобалии ҷаҳонӣ, густариши равобиту дӯстии халқҳо ба маротиб афзуд. Ба гуфтори Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Аз шаҳрванди оддӣ сар карда, то корманди давлатӣ, аз интихобкунандаи қаторӣ то вакил ва аъзои Парламент – вазифаи асосии онҳо таблиғи бедории миллӣ, зиракии хуби сиёсӣ, ҳисси баланди ватанпарварӣ ва ватандӯстӣ, густариши ғояҳои миллӣ ва муҳимтар аз ҳама таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад”.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>