Чорабинии фарҳангӣ дар ташкилоти ибтидоӣ

гулистон

ГУЛИСТОН.   Бахшида ба «Соли 2018- соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  чорабинии фарҳангӣ дар ташкилоти ибтидоии «Осоишгоҳи  Шифо» ташкил карда шуд. Дар он  намояндагон аз кумиҷроия мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М.А.  ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва омор Отаҷонова Ш.М. иштирок намуданд. Сароғоз, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон кулли истироҳатчиёни «Осоишгоҳи  Шифо»- ро шодбош  намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 22-юми декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро дар кишвар  «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.      Ҳамзамон, дар Паём пешниҳод гардид, ки соҳибкорони дар шароити хона ба истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ машғулбуда, аз андоз озод карда шаванд. Ин пешниҳод ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат руҳия ва завқи ҳунармандонро даҳчанд зиёд намуд. Суханрониҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ҳар як шаҳрванд, бояд сармашқи кори худ қарор дода, тамоми кӯшиши худро баҳри дар амал татбиқ намудани он равона созанд. Дар фарҷоми сухан мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия ба истироҳатчиён фароғати хубро тамонно намуд.   Барномаҳои гуногуни фарҳангӣ табъи истироҳатчиёни «Осоишгоҳи Шифо»-ро болидахотир гардонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>