Тарғиби ҳунаромӯзӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бо мақсади беҳуда нагузаштани таътили тобистонаи хонандагон дар КИИ ҲХДТ минтақаи Ёва корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни волид айни хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Зимни баромад аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботӣ, собиқадори ҳизб Қосимова Шоира Раҳбаровна қайд намуд, ки яке аз сабабҳои ба ҳар гуна роҳҳои бад рафтани хонандагон ин пур накардани фазои холигӣ мебошад. Яъне, волидайн, хусусан вақтҳои таътил фарзандонро ба ягон касбомӯзӣ ё ҳунаромӯзӣ ҷалб намекунанд. Ба туфайли роҳандозии тадбири нави Пешвои муаззами миллат – эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҷамоат бисёр ҳунарҳои халқӣ аз нав эҳё гардиданд. Аз ин иқдом кулли ҳунармандон рӯҳбаланд гардида, барои тарбияи садҳо шогирдон камари ҳиммат бастаанд. Дари ҳар як ҳунарманд барои қабули шогирдон кушодааст. Барои фарзанд ҳунар омӯзонидан натанҳо вазифа, балки қарзи ҳар як падару модар аст.

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,

Дар дидаи мардумон азиз аст.

Дар охир варақаҳои тарғиботӣ ба падару модарон тақсим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>